Қариб 500 хонандаи мактаб-интернати ноҳияи Қубодиён соҳиби туҳфаҳои Сарвари давлат гардид
БОХТАР, 20.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Наздик ба 500 тарбиятгирандаи мактаб — интернати ноҳияи Қубодиён туҳфаҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гирифтанд. Дар ин хусус ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Туҳфаҳо аз либоси мактабӣ, лавозимоти варзишӣ ва ғизо иборат буд.
Туҳфаҳоро ба тарбиятгирандагон намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии тақдим намуданд.
Ҳамчунин дар ин рӯз барои кӯдакон дастархони идона ороста, барномаи рангини фарҳангӣ пешкаш гардид.
Бояд иброз намуд, ки мактаб-интернати ноҳияи Қубодиён аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта ба истифода дода шуд. Имрӯз дар он беш аз 490 кӯдак тарбия меёбад, ки 6 нафараш ятими кулл, 25 нафар нимятим, боқимонда — фарзандони оилаҳои камбизоат мебошанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён








Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд






