Ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшан кумакҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардид

Апрель 20, 2023 16:49

ДУШАНБЕ, 20.04.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Дар доираи сиёсати ғамхоронаю инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи давлатии Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшан 106 наврас ба тарбияву таълим фаро гирифта шудааст. Ба тарбиятгирандагони ин мактаб- интернат  низ  кумак ва туҳфаҳои  навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонида шуд, ки онҳоро ниҳоят хурсанд гардонид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар  баробари дастрас гардидани кумак ва туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшан,  дар Маркази фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Истаравшан барои онҳо дастархони идона ороста шуд.

Туҳфа ва кумакҳои  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат аз  сару либос, пойафзол ва  маҷмуи ашёи хонишро муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён ба ҳар  наврас тақдим намуда, аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ятимону бепарасторон ёдовар шуданд. Тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшан бо хушнудӣ изҳор доштанд, ки дар симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхору парастори хешро мебинанд, ки барои буду бош, таълиму тарбия ва таъминоти моддии онҳо тамоми шароиту имконоти заруриро  фароҳам овардаанд.

Зимни супоридани туҳфаҳои Сарвари давлат ба омӯзгорону тарбиятгирандагон таъкид карда шуд, ки ғамхорию дастгирии ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат  дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи махсус дошта, барои беҳтар намудани шароити таҳсил  ва зиндагии онҳо тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Дар ҳама иду ҷашнҳо аз ҷониби Сарвари давлат дар баробари туҳфа ва кумакҳо  нисбат ба  ҳар як тарбиятгирандаи муассисаҳои иҷтимоию таълимӣ таваҷҷуҳу ғамхории рӯзафзун зоҳир карда шуда, барои зери  таваҷҷуҳи доимӣ  ба камол расондани онҳо ва соҳибилму соҳибмаърифат гардиданашон тадбирҳои судман андешида мешавад.

Дар Муассисаи давлатии Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшан  106 тарбиятгиранда, ки аз онҳо 39 нафар  духтарон мебошанд, ба таълиму тарбия ва  ғамхории доимӣ фаро гирифта шудаанд. Дар бинои асосии мактаб-интернат  синфхонаҳои таълимӣ, кабинетҳои фаннӣ, омӯзиши технологияи иттилоотӣ ва маҳфилҳои рӯзгордорию ҳунаромӯзӣ амал мекунанд ва  ба хонандагон 31 омӯзгору мураббия таълим медиҳад.

Дар назди муассиса ошхона, ҳаммом, хобгоҳ барои буду боши доимӣ, хонаҳои истироҳатӣ амал мекунанд, ки ин шароит маҳз барои дар сатҳи хуб таълиму тарбия гирифтан ва истироҳату фароғат намудан ташкил ёфтааст.

Дар айни ҳол аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои сохтмони таҳкурсии бинои нави муассиса  500 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, корҳои сохтмонӣ  идома дорад.

Аз рӯӣ лоиҳа бинои бунёдшаванда аз 2 ошёна иборат буда, дорои 22 ҳуҷраи таълимӣ, истироҳатӣ, ҳунаромӯзӣ барои тарбиятгирандагон ва ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон мебошад. Бунёди бинои нав ва  дар оянда мавриди  истифода қарор додани он  бо шароити беҳтари таълиму тарбия ва истиқомат туҳфаи арзанда ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшан мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 20, 2023 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз нав эҳё гардида, инфрасохтори сайёҳии он рушд намуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолат вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба Федератсияи Русия манъ карда мешавад?
Рафти татбиқи Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040  натиҷагирӣ карда шуд
Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиш доир гардид
Дар Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
ИСТИҚЛОЛ ВА ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ВАТАН. Доир ба он ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
12 АВГУСТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН. Беш аз 1700 нафар ҷавонони Тоҷикистон дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият доранд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
Ҳамкории Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Раёсати нашр ва паҳнкунии адабиёт бо забонҳои хориҷии Чин густариш меёбад
Таъсиси маркази касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуд