БО АМРИ ДИЛ ВА ВИҶДОН. 1400 нафар ҷавони ватандӯст аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ихтиёрӣ ба хизмати Ватан меравад

Апрель 7, 2023 17:31

СУҒД, 07.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 1400 нафар ҷавони ватандӯст аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ихтиёрӣ ва бо амри дил ба хизмати Ватан меравад. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

6 апрел дар вилояти Суғл аввалин гурӯҳи даъватшавандагон  дар вазъияти тантанавӣ ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуд. Ба ин муносибат дар Амфитеатри Қасри Арбоб бо иштироки роҳбарияти вилоят, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷавонони фаъол, даъватшавандагону волидони онҳо барномаи бошукуҳ доир гардид,

Раиси вилояти Суғд иброз дошт, ки таъмини фазои орому осудаи Ватан ва амнияти ҷомеа аз муҳимтарин вазифаҳои давлат маҳсуб шуда, вобаста ба он таълиму тарбия ва руҳану ҷисман омода намудани ҷавонони синни даъватӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз пеш аҳамияти муҳим пайдо менамояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро яке аз рукнҳои аввалиндараҷаи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморида, таъкид медоранд, ки «саҳми ҷавонон дар ҳифзи Модар — Ватан шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург мегузоранд».


Раиси вилоят ёдовар шуд, ки корҳои тарғиботию ташвиқотии дар марҳилаи байнидаъватӣ баргузоргардида боис гардид, ки 1400 нафар ҷавони ватандӯст аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ихтиёрӣ барои хизмат ҳозир шуд. Аз чеҳраи хандону болида ва рафтори неки ҳар  нафар аён аст, ки ҷавонон хизмат ба Модар -Ватанро қарз ва шарафи фарзандӣ медонанд.

Дар зимн роҳбари вилоят ба ҳамаи падару модарон барои тарбияи фарзандони ватандӯст ва баору шуҷоъ изҳори сипос намуда, ба даъватшавандагон ва муҳофизони шуҷои Ватан дар иҷрои рисолати бар дӯш доштаашон муваффақият орзу кард.

Ҳамзамон маросими нонгазон сурат гирифта, аз ҷониби аҳли фарҳанги вилоят барномаи ҷолиби консертӣ пешниҳод гардид.

Бояд гуфт, ки  гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи чанд соли охир ба маъракаи хотирмон мубаддал гаштааст. Бо беҳтар шудани шароит дар қисмҳои низомӣ аксар ҷавонон ихтиёран ба комиссариатҳои  ҳарбӣ ҳозир шуда, барои саҳмгузорӣ дар ҳимояи марзу буми  Ватан, таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ омодагӣ нишон медиҳанд. Хушбахтона, имрӯзҳо дар аксари шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷавонон даъватномаи комиссариати ҳарбиро интизор нашуда, ихтиёрӣ ва ҷавонмардона ба комиссариати ҳарбии шаҳр ё ноҳия ҳозир шуда, барои ба хизмати Ватан рафтан пешакӣ худро номнавис менамоянд. Зеро аксарияти ҷавонони имрӯза хуб дарк кардаанд, ки хизмати Модар-Ватан қарзи имонӣ ва ҳам ҷавонмардии ҳар кадоми онҳо ба ҳисоб меравад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Апрель 7, 2023 17:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони ноҳияи Деваштичро ба хизмати ҳарбӣ гусел карданд
Ҷавонони шаҳри Ваҳдатро бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони ватандӯсти Панҷакент барои хизмат ба Ватан ба сафи Артиши миллӣ рафтанд
Ноҳияи Хуросон нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи якум иҷро намуд