БО ИФТИХОР АЗ СОҲИБВАТАНӢ. Ҷавононе, ки тарбияи шоиста гирифтаанд, ҳангоми хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ худро чун аскари далеру шуҷоъ ва бонизом нишон медиҳанд
ПАНҶАКЕНТ, 25.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43-и деҳаи Камари Ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент Аббос Яҳёев дар маъракаи даъвати баҳорӣ писару ҷиянаш Яҳёбек ва Беҳрӯзро бо ифтихори баланди соҳибватанӣ барои ҳимояи марзу буми Ватан ба сафи Артиши миллӣ гусел намуд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд.
Аббос Яҳёев мегӯяд, ки ҳар падару модар бояд ба таълиму тарбияи дурусти фарзандон ва ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо эътибори аввалиндараҷа зоҳир намуда, онҳоро баҳри ҳифзи Ватану давлат ба хизмати ҳарбӣ раҳсипор намояд. Танҳо дар ин ҳолат волидон қарзи шаҳрвандию ватандӯстии худро иҷро менамоянд.
Агар фарзанд тарбияи шоиста гирифта бошад, ҳангоми хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ худро чун аскари далеру шуҷоъ, ботарбия, дилсӯзу ғамхор нисбат ба ҳамхизматон нишон дода, барои дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия ёфтани дигар аскарон кумак мерасонад.
Аскароне, ки дар қисмҳои ҳарбӣ бештар аз як сол хизмат намуда истодаанд, бояд барои наваскарон намунаи ибрат бошанд, ба онҳо дар тамрин, азхудкунии оинномаи ҳарбӣ ва дигар усулҳои низомӣ кумак расонанд.
Дар навбати худ падару модарон вазифадоранд, ки фарзандонашонро то расидан ба синни даъвати ҳарбӣ дар руҳияи инсондӯстӣ, дилсӯзӣ, изҳори раҳму шафқат нисбат ба якдигар, дастгирӣ дар лаҳзаҳои душвор ва ҳамдигарфаҳмӣ тарбия намоянд.
Ҷавононе, ки дар оила, ҷамъият, мактабу донишгоҳ бо рафтори худ намунаи ибратанд, зимни хизмат дар сафи Артиши миллӣ низ аз худ масъулияти баланд, одобу рафтори нек, ахлоқи ҳамида ва дигар хислатҳои неки инсондӯстона зоҳир намуда, нисбат ба дигарон дашному ҳақорат, зӯроварӣ, бадбинӣ ва дигар хислати манфиро раво намебинанд. Зеро онҳо дар оила ва ҷамъият тарбияи хубу писандида гирифта, дар сафи Артиши миллӣ низ худро идора карда, бо сари баланд хизмат карда метавонанд.
Пас, танҳо тарбияи дурусти оила ва муносибати неки ҷомеа фарзандони моро метавонад ба роҳи рости зиндагӣ ҳидоят намояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд






