БОРИ АВВАЛ ДАР НОҲИЯИ ДАРВОЗ. Парвариши гулмоҳӣ дар ҳавзи сунъӣ ба роҳ монда шуд

Апрель 8, 2023 17:19

ХОРУҒ, 08.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар гузашта дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳавзҳои сунъӣ намудҳои гуногуни моҳӣ, ба мисли карп, сазан, сом, карасро парвариш мекарданд, аммо бори аввал аст, ки дар ноҳияи Дарвоз парвариши гулмоҳӣ- яке аз моҳиҳои гаронарзиш, зебову нодир ва барои саломатии инсон муфид ба роҳ монда шуд. Гулмоҳӣ ё фарелл баъди ду соли парвариш барои фурӯш омода мешавад ва дар бозори ҷаҳонӣ нархи як килограмми  он қариб ба ҳазор сомонӣ баробар аст, иттилоъ додааст мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.

Сокини деҳаи Хумбиварии Ҷамоати деҳоти Қалъаи Хуми  ноҳияи Дарвоз Шуҳрат Беков дар қитъаи замини наздиҳавлигӣ се ҳавзи сунъии моҳипарварӣ бунёд карда, бори аввал парвариши гулмоҳӣ ё фареллро ба роҳ монд.  Ҳарчанд дар ин соҳа таҷрибаи кофӣ надошт, аммо сарфи назар аз он ба парвариши яке аз моҳиҳои нодир машғул гашт. Азбаски  хонааш дар болооби рӯдхонаи Хумбов ҷойгир аст ва оби тозаву мусаффо дорад, вай қарор дод, ки ба парвариши  гулмоҳӣ шуғл варзад.   Дар як-ду соли аввал комёб нашуд. Моҳиҳо талаф ёфтанд, аммо ӯ руҳафтода нашуд. Ба деҳаи Ромити ноҳияи Ваҳдат рафт ва чанд муддат аз моҳидорони ин деҳа тарзи парвариши ин намуди моҳиро омӯхта, боз аз сари нав  ба ҳавзҳояш моҳии фарелл партофт. Омӯзиш ва таҷрибаи моҳипарварони деҳаи Ромити ноҳияи Ваҳдат дар фаъолияти минбаъдааш кумак кард.

Ҳоло шумораи гулмоҳӣ дар се ҳавз то ба ҳафт-ҳашт ҳазор расидааст. Ғизоро барои моҳӣ аз шаҳри Душанбе харид мекунад. Нархи як кило моҳӣ 25 сомонӣ аст. Албатта, ин нарх каме гарон аст ва барои ҳамин ҳанӯз аз ин соҳа даромади дилхоҳ ба даст намеорад. Аммо ба оянда назари нек дорад ва мехоҳад, ки бозори фурӯши яке аз намудҳои беҳтарини моҳиро дар вилоят васеъ намояд. Зеро гулмоҳӣ аз ҷиҳати ғизонокӣ дар байни намудҳои дигари моҳӣ дар ҷои аввал меистад ва талабот ба он дар бозори дохилӣ  хеле зиёд аст.

Бо дастури раиси Вилояти  Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст, ки ҳоло ба омӯзиши ҳавзҳои навбунёди моҳипарварӣ машғул аст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо мақсади рушди ин соҳа тасмим гирифтааст, ки соли равон қариб панҷ ҳавзи нави моҳипарвариро ба кор андозад.

Сардори Раёсати кишоварзии вилоят гуфт, ки «соли гузашта аз вилояти Суғд 40 ҳазор моҳича ба ноҳияҳои вилоят интиқол дода шуд. Ҳоло шумораи ҳавзҳои сунъии моҳипарварӣ ба 15 адад расидааст. Имсол боз 5 ҳавзи дигари моҳипарварӣ дар шаҳру ноҳияҳо бунёд ва ба кор андохта мешавад».

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 8, 2023 17:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Масато Канда: «БОР 1,1 миллиард доллари ИМА-ро ба татбиқи Стратегияи нави шарикӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ҷалб менамояд»
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид
Татбиқи «Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026–2030» оғоз мегардад
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор дар Тоҷикистон ба 381 ҳазор адад расид
Ҳайати Туркманистон барои иштирок дар ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба Душанбе омад
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд хатсайри нави нақлиётии байналмилалӣ фаъол карда шуд
Таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди бахши молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад