Дар ҷаласаи назоратӣ дар Кӯлоб ҷоннок намудани даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон баррасӣ гардид
КӮЛОБ, 11.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. 10 апрел таҳти раёсати Раиси шаҳри Кӯлоб бо иштироки роҳбарони сохторҳои давлатии дахлдор, раисони маҳаллаҳо, имомхатибон ва дигар шахсони масъул дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи назоратӣ доир гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.
Дар ҷаласа масъалаҳо «Дар бораи Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024», масъалаҳо оид ба гузаронидани машварат дар муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани Консепсияи таҳсилоти муттасил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2023, таъмини иҷрои нақшаи ниҳолшинонию сабзазоркунӣ, шинонидани дарахтон ва гулҳои мавсимӣ, таъмини иҷрои нақшаи воридоти андози давлатӣ, беҳтар намудани фаъолияти гармхонаҳо ва корбарии дурусти раисони маҳаллаҳо мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Ҳамчунин дар ҷаласа оид ба ҷоннок намудани даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузаронидани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар байни сокинони ҷамоату деҳоти шаҳр доир ба ҷалб намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва ҳамчунин баланд бардоштани руҳияи ҷавонон нисбат ба ватандӯстию хештаншиносӣ ибрози назар карда шуд.
Дар анҷоми ҳамоиш гуфта шуд, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба татбиқи ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ, амалисозии барномаҳои давлатӣ, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои дар маҷлиси навбатии Ҳукумати мамлакат додашуда корбариро беҳтар ба роҳ монем, то ин ки дар пешравии шаҳр ҳисса гузорем.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






