Дар баҳри Ҷопон бактерияҳои ба сармо тобоваре пайдо карданд, ки нафтро ҷаббида мегиранд

Апрель 16, 2023 13:54

ДУШАНБЕ, 16.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Олимони Донишгоҳи Федералии Шарқи Дур (ДФШД) дар баҳри Ҷопон бактерияҳои ба сардӣ тобоваре пайдо намуданд, ки қобилияти ҷаббида гирифтани нафтро  доранд: дар оянда ин барои сохтани маҳсулоти биологӣ баҳри тоза кардани об аз ифлосиҳои нафтӣ кумак хоҳад кард. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба РИА «Новости» иттилоъ медиҳад,  дар ин хусус ДФШД хабар додааст.

«Дар ҷараёни таҳқиқоти васеъ олимони Институти уқёнуси ҷаҳонии ДФШД дар баҳри Ҷопон бактерияҳое пайдо карданд, ки бори аввал қобилияти вайрон кардани нафтро нишон доданд. Ғайр аз омӯзиши гуногунии намудҳои микроорганизмҳои оксидкунандаи карбогидрид, олимон тадқиқот гузарониданд, ки дар он қобилияти баланди бактерияҳои бадастомада барои вайрон кардани пайвастагиҳои гуногуни нафт дар шароити ҳарорати паст ошкор карда шуд», — омадааст дар хабари дафтари матбуот.

«Афзалияти таъмӣ»-и ғайримаъмулӣ дар 12 намуди бактерияҳо, аз ҷумла- Idiomarina maritima, Gracilibacillus massiliensis, Lechevaleria flava, Jeotgalibacillus marinus ва ғайра пайдо карда шуд. Кушодани геноми бактерияҳои ошкоршуда имкон медиҳад, ки механизмҳои кори генҳо ва ферментҳое, ки дар таҷзияи нафт дар баҳрҳои Шарқи Дур иштирок мекунанд, дақиқтар фаҳмида шавад.

Дар асоси натиҷаҳои бадастомада эҳтимол дорад, ки технологияҳои самараноки мониторинги ифлосшавии нафтии обҳои баҳрӣ ва минбаъд- технологияи тозакунии онҳо таҳия карда шавад.

 Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 16, 2023 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид