Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаи фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз мегардад

Апрель 8, 2023 10:25

ДУШАНБЕ, 08.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 11 то 21 апрел дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаи фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал гузаронида мешавад. Ин ярмаркаҳо  дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанигардонии дастурхони сокинону меҳмонони пойтахт, инчунин  пешгирии болоравии нархи маводи озуқа доир карда мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сармутахассиси Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Абдусалом Нозимов хабар дод.

«Ярмаркаи фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар КВД «Бозори Меҳргон»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, буриши кӯчаҳои Ҳусейнзода ва Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шоҳмансур (назди Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон), дар майдончаи назди бозори «Қарияи боло»-и ноҳияи Сино ва дар майдончаи назди КВД «Бозори Саховат»-и ноҳияи Фирдавсӣ ташкил карда мешавад», -гуфт Абдусалом Нозимов.

Ба иттилои манбаъ, дар ярмаркаҳои мазкур нархи картошка аз 4 то 4,5 сомонӣ, пиёз 5,5 сомонӣ, сабзӣ 4 сомонӣ, як литр равғани растанӣ 18 сомонӣ, шакар 9 сомонӣ, гӯшти гов 55 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд 68 сомонӣ, биринҷ 10 сомонӣ, орди навъи 1-ум 260 сомонӣ муайян гардидааст. Дар ин ярмаркаҳо меваҷот ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ низ бо нархҳои дастрас пешкаши харидорони шаҳр гардонида мешаванд.

Ба гуфтаи мутахассис, аз ҷониби КВД «Оид ба истехсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» дар асоси шартномаҳои тарафайн бо ширкатҳои хориҷии таъминкунандаи маҳсулот, аз ҷумла Федератсияи Русия, Қазоқистон, Беларус ва Ҳиндустон аз моҳи январ- март (то 2 апрели соли 2023) маҳсулоти зерин, аз ҷумла, орд ба миқдори 9778,1 тонна, равғани растанӣ ба миқдори 1012,4 тонна, шакар ба миқдори 201 ҳазору 13,3 тонна, биринҷ ба миқдори 754,0 тонна ва гандум ба миқдори 9730,0 тонна, орди (Комбинати орди шаҳри Душанбе) ба миқдори 1850.0 тонна, пиёз ба миқдори 6006,8 тонна, картошка ба микдори 5010,9 тонна, сабзӣ ба микдори 1020,0 тонна ва ангур ба миқдори 30.0 тонна махсулот харид карда шуд.

«Захираи маҳсулот то 2 апрели соли 2023 дар анборҳо чунин миқдор аст: картошка- 5010,9 тонна, пиёз- 6006,8 тонна, сабзӣ- 1020 тонна, шакар- 3043,4 тонна,  равғани растанӣ- 708,7 тонна, орд- 3571,4 тонна,  биринҷ- 210,0 тонна ва ангур ба микдори 30,0 тонна», -гуфт Абдусалом Нозимов.

Инчунин дар 15 нуқтаи сераҳолии шаҳри Душанбе ярмаркаҳои доимамалкунанда фаъолият менамоянд, ки дар онҳо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт гардонида мешаванд. Ярмаркаҳои доимамалкунанда ҳамарӯза  дар даромадгоҳҳои бозорҳои коммуналӣ ва хусусии пойтахт фаъолият мекунанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 8, 2023 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд