Дар Душанбе «Кушодашавии мавсими мототсиклронӣ-2023» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 25.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. 29 апрел, аз соати 09:00 то соати 10:00 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи «Кушодашавии мавсими мототсиклронӣ-2023» баргузор мегардад. Дар ин хусус қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Мусобиқа аз ҷониби клуби мототсиклронҳои «Ирбис МСС Тоҷикистон» бо мақсади дастгирӣ намудани ташаббуси ҷомеаи шаҳрвандӣ доир карда мешавад.
Дар ин рӯз ҳаракати қатораи иштирокчиён бо мушоияти мошинҳои роҳбонии шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз назди Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» тариқи хиёбону кӯчаҳои Ҳофизи Шерозӣ ба самти кӯчаи Карамов — хиёбони Рӯдакӣ, гардиш ба тарафи рост- кӯчаҳои Теҳрон, Шероз, хиёбонҳои И.Сомонӣ, Н.Махсум бо баромад ба роҳи мошингарди самти шаҳри Ҳисор ба роҳ монда мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад






