Дар Душанбе вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон баргузор шуд

Апрель 18, 2023 17:12

ДУШАНБЕ, 18.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 10 то 16 апрели соли 2023 дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбати гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Узбекистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои гузариши хати лоиҳавии демаркатсионии сарҳади давлатии Тоҷикистону Узбекистон баррасӣ гардиданд.

Аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.

Вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузор мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 18, 2023 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид