Дар натиҷаи таркиш дар Ҳиндустон даҳ корманди полис ва ронандаи мошин ба ҳалокат расид
ДУШАНБЕ, 27.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Даҳ корманди полис ва ронандаи мошин дар натиҷаи таркиши дастгоҳи худсохт, ки аз ҷониби наксалитҳо (гурӯҳи шӯришгарон) дар вилояти Чхаттисгарх- қисмати марказии Ҳиндустон ба кор дароварда шуд, ба ҳалокат расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» хабар медиҳад.
Бино ба иттилои полис, нигаҳбонон, ки аъзои гвардияи эҳтиётии минтақа буда, аз амалиёти зидди наксалитҳо бармегаштанд, аз ҷониби онҳо мавриди ҳамла қарор гирифтанд.
«Мошини DRG имрӯз аз ҷониби наксалитҳо дар ноҳияи Аранпури Дантевада мавриди ҳамла қарор гирифт. Дар натиҷа 10 ҷанговари DRG ва як шаҳрванди одӣ ба ҳалокат расид. Неруҳои иловагӣ ба макони ҳодиса омада, ҷасадҳо берун бароварда мешаванд»,-изҳор дошт корманди баландпояи полиси ноҳияи Бастар П. Сундарраҷ.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






