Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар рӯзи аввали даъват 100 нафар ба сафи Артиш ҷалб гардид
ДУШАНБЕ, 03.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 1 апрел дар Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки раиси ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва волидони даъватшудагон бахшида ба оғози даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ маъракаи идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд.
Дар рӯзи аввали даъват аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 100 ҷавон бо хоҳиши худ ба Комиссариати ҳарбии ноҳия барои шомил шудан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост пешниҳод намуд. Онҳо пас аз гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати аскарӣ ҷалб гардиданд.
Гуфта шуд, ки бузургии ҳар давлат аз ҳастии артиши он вобастагии амиқ дорад, зеро вазифаи ҳар сарбоз посбонӣ намудани марзи давлати худ мебошад.
Нақши ҳомиёни Ватан дар таъмини амнияту осудагии мардуми ҷумҳурӣ хеле бузург мебошад. Роҳбарияти ноҳия изҳори умедворӣ намуд, ки ҷавонони ноҳия ба ҳисси баланди ватандӯстӣ баҳри ободиву осоиштагии Ватан сарбаландона хизмати ҳарбиро ба ҷо меоранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






