Дар ноҳияи Муъминобод бахшида ба Рӯзи даъватшаванда ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид

Апрель 3, 2023 17:39

МУЪМИНОБОД, 03.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 2 апрел  бахшида ба Рӯзи даъватшаванда  дар комиссариати ҳарбии ноҳияи Муъминобод  ҳамоиши  тантанавӣ баргузор шуд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода. 

Дар он роҳбарияти ноҳияи Муъминобод, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони ҷангу меҳнат, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва волидайни ҷавонони навдаъват иштирок намуданд.

Даъватшудагон    ҳамроҳ бо волидонашон  бо руҳияи тоза ва  ҳисси баланди ватандӯстӣ  вориди  комиссариати ҳарбӣ гардиданд.

Роҳбарияти ноҳия ҳамагонро бо Рӯзи даъватшаванда, ки рамзи  хизмати содиқона  ва ҷавонмардона бар Ватан аст, табрик гуфта, ба волидоне, ки писаронашон ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайвастанд, изҳори сипос намуд.


Изҳор гардид, ки хизмат ба Ватан қарзи  ҳар ҷавони тоҷик буда, вазифадоранд, ки марзу бум ва сарзамини муқаддаси худро бебокона ҳимоя намоянд.

Дар ҷамъомад аз ҷониби бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия ба наваскарон  сарулибоси варзишӣ, аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии  мададгори мудофиаи ноҳия ба 12 даъватшаванда  шаҳодатномаи ронандагӣ ва аз ҷониби роҳбарияти ноҳия туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дар анҷоми ҳамоиш падару модарон фарзандонашонро бо дуои нек ба қисмҳои низомӣ гусел намуданд.

АКС:Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод

Апрель 3, 2023 17:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд