Дар Остона ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 25.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои муҳими марбут ба тақвияти ҳамкорӣ дар самти тиҷорату иқтисод байни Тоҷикистону Қазоқистон дар ҷаласаи ҳабдаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ, ки 24 апрел дар шаҳри Остона доир гардид, баррасӣ карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҷаласаи ҳабдаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ таҳти ҳамраисии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Роман Скляр баргузор гардид.
Дар ҷаласа ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар самтҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, алоқа ва технологияҳои муосир, маориф ва илм, тандурустӣ, сайёҳӣ, меҳнат ва муҳоҷират, иқтисоди сабз ва рақамӣ, ҳифзи муҳити зист, варзиш ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ бо ҷалби сармоягузорони Қазоқистон ба мувофиқа расиданд.
Ҷаласа дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ баргузор шуда, дар анҷоми он Протоколи чаласаи ҳабдаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ ба имзо расонида шуд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад






