Дар рӯзи якуми даъвати баҳорӣ аз шаҳри Ваҳдат 340 ҷавон ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ шомил гардид
ВАҲДАТ, 04.04.2023./АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба мавсими даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Рӯзи даъватшаванда» дар майдони Комиссариати ҳарбии шаҳри Ваҳдат барномаи фарогир ва хотирмон доир шуда, зиёда аз 340 даъватшаванда аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо орзуи неку дуои падару модарон ба хизмат равона шуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат хабар доданд.
Дар маросим масъулини шаҳри Ваҳдат изҳор доштанд, ки «хизмат дар сафи артиш, ҳимояи марзу буми Ватан- Модар ҳамеша мояи шараф ва ифтихори ҳар фарди боору номус ва ватанхоҳ буда, ин рисолат то абад боқӣ мемонад. Аз таърих ва осори гузаштагон медонем, ки ба сафи артиш танҳо ҷавонони ғаюру шуҷоатманд ҷалб карда мешуданд ва ин анъана имрӯз низ давом дорад. Мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки шаҳри Ваҳдат бо ҷавонони далеру шуҷои худ ифтихор намуда, рӯзҳои наздик нақшаи даъвати ҳарбиро пурра иҷро менамояд».
Гуфта шуд, ки бо дастгирии роҳбарияти олии мамлакат ва бо истифода аз имконияти мавҷуда дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар айни замон мушкилоти марбут ба шароит ва таъминоти моддии сохторҳои низомӣ ҳал гардида, сохтмон ва навсозии инфрасохтори қисмҳои низомӣ вусъат меёбад. Пас дар чунин шароит ҳар ҷавони бонангу номусро зарур аст, ки дар иҷрои қарзи шаҳрвандии худ, яъне хизмат ба Ватан – Модар таъхир накарда, ба ҳифзи марзу буми сарзамини хеш камар бубандад.
Дар ҳамоиш ба зиёда аз 120 наваскаре, ки курси ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии «Мададгори мудофиа» – ро хатм намуда, ба сафи Артиши миллӣ ихтиёран шомил шуданд, шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.
Дар анҷоми ҷамъомади тантанавӣ дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанги шаҳр бо барномаи ҷолиби консертӣ хотири даъватшавандагону волидайни онҳоро шод гардонид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат










Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






