ДАЪВАТИ БАҲОРӢ. Дар шаҳри Кӯлоб аввалин гурӯҳи даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел карда шуд

Апрель 2, 2023 12:39

ДУШАНБЕ, 02.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 1 апрел бахшида ба Рӯзи даъватшаванда дар Комисариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар доданд.

Дар чорабинии мазкур роҳбарияти шаҳри Кӯлоб, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони ҷангу меҳнат, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, волидони даъватшавандагон ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Дар рӯзи аввали даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ ҷавонон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба Комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб ҳозир гаштанд.

Изҳор гардид, ки боиси ифтихор ва сарбаландӣ аст, ки бо талошҳои Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакати мо соҳиби Артиши миллии бонизом гардидааст.

Модари даъватшаванда сухан гуфта, миннатдории хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ҳунармандони бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барномаи фарҳангӣ пешниҳод карда шуд.

АКС аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Апрель 2, 2023 12:39

Хабарҳои дигари ин бахш

80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд