Дар Суғд майдони умумии заминҳои наздиҳавлигӣ тақрибан 61 ҳазор гектарро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 29.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд майдони умумии заминҳои наздиҳавлигӣ 60 ҳазору 935 гектарро ташкил медиҳад. Сокинон асосан дар замини наздиҳавлигии худ картошка, сабзавот ва полезиҳоро кишту парвариш мекунанд.
Дар вилоят дар самти истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ сокинони деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров намунаи ибрат мебошанд.
Заминҳои наздиҳавлигии сокинони деҳоти мазкур дар маҷмуъ 3 ҳазору 700 гектарро ташкил медиҳад, ки дар бештари он бо ташкили гармхонаҳои хурду миёна кишту парвариши сабзавот, аз ҷумла помидору бодиринг васеъ ба роҳ монда шудааст.
Сокини деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Сиддиқ Пӯлодов таҷрибаи шоистаи истифодаи замини наздиҳавлигӣ дорад.
Сардори хоҷагӣ ҳамроҳи фарзандон дар замини наздиҳавлигӣ парвариши сабзавот ва кабудиҳоро дар шароити гармхона ба роҳ мондааст.

Масоҳати гармхона 0,04 гектарро ташкил намуда, соҳибмулк давоми як сол аз гармхонаи худ то 6 тонна ҳосили помидор ҷамъоварӣ мекунад. Ин сокини соҳибтаҷриба аз ҳисоби фурӯши маҳсулоти дар гармхона истеҳсолшуда эҳтиёҷи оилаи худро пурра таъмин менамояд.
Ёдовар мешавем, ки дар вилояти Суғд дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ зиёда аз 500 гармхонаи хурду калон мавҷуд буда, давоми сол манбаи асосии таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Қисми зиёди ин гармхонаҳо дар заминҳои наздиҳавлигии сокинон ташкил карда шудааст.
Ба таъкиди кишоварзон, дар оянда низ раванди парвариши сабзавот ва дигар намуди зироат дар гармхонаҳо тақвият бахшида мешавад ва хоҷагидорон дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ саҳми арзанда мегузоранд. Зеро дар ҳудуди вилояти Суғд барои истеҳсоли маҳсулот дар шароити гармхона имконият бештар аст.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид






