Дар вилояти Хатлон машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегӣ доир шуд

Апрель 20, 2023 11:09

ДУШАНБЕ, 20.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Нимаи аввали моҳи апрел бо мақсади ба таври амалӣ санҷидани иҷрои вазифаву уҳдадориҳои ҷангӣ бо ҷалби сохтору мақомоти давлативу қудратии гарнизони Хатлон ва ҷузъу томи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Русия ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулияти омодагии ҷалбкунӣ ва машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегӣ ба роҳ монда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд.

Ин тамрин-машғулияти муҳими ҳарбӣ-сиёсӣ дар 5 марҳила ба таври назариявию амалӣ доир гардида, ҳамзамон дар доираи баргузории ҷамъомади амалиётӣ-ҷалбкунӣ ва мудофиаи ҳудудӣ, ки марҳилаи чоруми ин размоиши низомиро дар бар мегирифт, раисони 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон, комиссарони ҳарбӣ, сардорони шуъбаҳои корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ин минтақаҳо дар пойгоҳи яке аз қисмҳои низомии қӯшунҳои хушкигард ва дар машқгоҳи ҳарбии «Сумбула» ба дарсу таълими гуногуни назариявӣ ва ҷамъомаду машғулияти амалии ҳарбии саҳроӣ ҷалб карда шуд.

Ҷараёни баргузории тамоми амалиёти сохтору мақомоти ба машқҳо ҷалбшуда ва омӯзиши мавзуъҳои ба он пешбинишуда таҳти назорати роҳбарияти Вазорати мудофиа қарор дошта, аз ҷониби масъулини Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ идора мегардид.

Бо ҳамин тартиб даври ниҳоии размоиши муштараки амалиётӣ-стратегӣ дар машқгоҳи «Ҳарбмайдон» бо иштироки Вазири мудофиаи мамлакат, намояндаи ҳавзаи марказии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, роҳбарони сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин гарнизон ва дигар шахсони расмӣ ҷамъбасту натиҷагирӣ карда шуд.

Баъд аз тақдими медалу ифтихорномаҳо ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ ба иштирокчиёни фаъоли ин чорабинии ҳарбӣ гузашти низомии ҳайати шахсӣ доир шуд, ки он анҷомбахши даври ҷамъбастии машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегӣ дар гарнизони Хатлон буд.

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 20, 2023 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид