ДАРЁФТИ РОҲҲО ВА АБЗОРИ ИСТИФОДАИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА МАНФИАТИ МИЛЛӢ. Дар Душанбе Форуми ҷавонон ифтитоҳ гардид

Апрель 26, 2023 10:42

ДУШАНБЕ, 26.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе Форуми ҷавонон дар мавзуи «Дарёфти роҳҳо ва абзорҳои истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати миллӣ ва тарғиби арзишҳои  давлатдорию давлатсозӣ» оғоз гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи иттилои манбаъ,  26-30 апрел дар  шаҳру ноҳияҳои  Душанбе, Айнӣ, Панҷакент, Истаравшан, Хуҷанд ва Гулистон  Форуми ҷавонон дар мавзуи «Дарёфти роҳҳо ва абзорҳои истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати миллӣ ва тарғиби арзишҳои  давлатдорию давлатсозӣ», инчунин барномаи иттилоотӣ –маърифатӣ таҳти унвони «Истифода дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ – кафили амнияти иттилоотӣ» баргузор мегардад.

Форуми ҷавонон  ва барномаи иттилоотӣ –маърифатӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 23 май-Рўзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор карда мешаванд.

Дар идомаи Форум 27-29 апрел зиёда аз 60  нафар аз ҷавонони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ  бо мақсади муаррифии имконияти сайёҳии мамлакат  аз мавзеъҳои сайёҳиву таърихии минтақа ва дастовардҳои ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, онҳоро тавассути саҳифаҳои иҷтимоӣ  муаррифӣ менамоянд.

Бо назардошти зиёд гардидани шабакаҳои иҷтимоӣ ва нақши истифодабарандагони он дар рушди давлату ҷомеа зарурати зиёд намудани чорабиниҳо ҷиҳати фаҳмонидани истифодаи дуруст ва оқилонаи он ба миён омадааст. Дар айни замон шабакаҳои иҷтимоӣ на танҳо бо мақсади муошират истифода карда мешаванд, балки барои пешбурди тиҷорат, инчунин паҳн кардани иттилооти аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим фаъолона истифода мешаванд.

Тибқи маълумоти масъулини Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, то моҳи июли соли 2022 дар мамлакат 32 субъекти соҳибкорие, ки тавассути сомонаҳои интернетӣ ба фаъолияти блогерӣ машғул мебошад, ба қайди давлатӣ гирифта шудааст. Давоми се моҳи охири соли 2022 аз ҷониби субъектони мазкур 112,4 ҳазор сомонӣ маблағи андоз ба буҷет пардохт карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳамчунин  бахшида ба Рўзи ҷавонон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» аз 26 то 30 апрел аз рӯи усули «Дар меҳмонии ҷавонони манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ» таҳти унвони «Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир!» дар шаҳру ноҳияҳои Шаҳристон, Деваштиҷ, Бӯстон, Гулистон ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд меҳмонӣ доир мегардад.

Дар доираи меҳмонии ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои мазкур барномаҳои гуногун, аз ҷумла, ҳамоишу фестивал, семинару барномаи консертии «Шоми ҷавонӣ» доир шуда, баргузории бозиҳои гуногуни варзишӣ низ дар назар дошта шудааст. Инчунин иштирокчиён аз мавзеъҳои таърихии ин шаҳру ноҳияҳо дидан менамоянд.

Ҳадафи асосии меҳмонӣ- васеъ намудани ҷаҳонбинии ҷавонон, шиносоӣ бо фарҳанги ниёгон, урфу одат ва меҳмоннавозии халқи тоҷик, маданияти шаҳрдорӣ, дӯстии ҷавонон, тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва  таҳкими сулҳу субот дар мамлакат мебошад.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 26, 2023 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба Раёсатҳои захираҳои оби минтақаҳои ҳавзавии Вахш ва Панҷ нақлиёти нави барқӣ тақдим гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъемоли биҳӣ мушкилоти ҳозима, аз ҷумла қабзиятро кам мекунад
Дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон усулҳои нави ҷарроҳӣ гузаронида мешавад
Имсол 39 нафар занони ҳунарманди вилояти Суғд соҳиби гранти президентӣ гардиданд
Дар шаҳри Копенгаген масъалаҳои саломатии кӯдакон ва ҳаёти солим баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи хотимавии «Муколамаи занони Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Истироҳатгоҳи «Санги сипар» дар Панҷакент барқарор карда мешавад
Дар Суди Олӣ оид ба нақши Конститутсия дар таҳкими давлати демократию ҳуқуқбунёд конференсия баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия бо иштироки судяҳо конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«КОНСТИТУТСИЯ- ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТИ ОБОДИ МО». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир гардид
Ҳаракати навбатии пиряхи Деҳдал мушоҳида гардид
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 31-солагии Конститутсия конференсияи илмию амалӣ баргузор шуд