ДАЪВАТИ БАҲОРӢ. Ҷавонони матиниродаи шаҳри Роғун аз худ ташаббуси волои ватандӯстию садоқатмандӣ нишон доданд

Апрель 4, 2023 19:00

РОҒУН, 04.04.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Роғун бахшида ба оғози мавсими  даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ Рӯзи даъватшаванда доир гардид. Дар ҳамоиши мазкур  ҷавонони солҳои таваллуди 1996-2005 -и ҷамоатҳои шаҳраку деҳот,  масъулини  сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кормандони масъули  Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ва  волидайни даъватшудагон иштирок намуда, зиёда аз 25 даъватшавандаро бо дуои неки модарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел намуданд. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун  хабар медиҳад.

Дар ин маъракаи муҳим ба волидайни ҷавононе, ки бо амри дил баҳри адои қарзи фарзандӣ дар назди давлату миллат ва ҳифзи марзу буми меҳан камари ҳиммат бастаанд, миннатдорӣ баён гардида, аз тарафи Раиси шаҳри Роғун ба фарзандони онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Гуфта шуд, ки «хизмат ба Ватан-Модар қарзи фарзандии ҳар ҷавонмард ба ҳисоб меравад. Ҳамасола Ҳукумати мамлакат ҷиҳати  фароҳам овардани шароити созгор барои сарбозону афсарон пайваста  тадбирҳои мақсаднок меандешад. Ҷавонони матиниродаи шаҳри Роғун аз худ ташаббуси волои ватандӯстиву меҳанпарастӣ нишон дода, садоқати худро ба сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар нишон  доданд».

Иброз гардид, ки «имрӯзҳо бо саъю талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти рӯзмарраи хизматчиён дар қисмҳои ҳарбӣ шароити зарурии маишиву моддӣ муҳайё карда шуда, дар кулли воҳидҳои низомӣ имрӯз афсарони касбии ботаҷриба ҷиҳати баланд бардоштани малакаи ҳарбиву ҷисмонии ҷавонон, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, садоқат ба марзу бум фаъолияти босамар менамоянд».

Дар ҳамоиш  ба як зумра наваскароне, ки курси ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии  «Мададгори мудофиа» – ро хатм намудаанд, шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд. Дар охири ҷамъомад  ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр барномаи ҳунариро пешкаши наваскарон намуданд. Рақсу шодии наваскарон ва дӯстону волидонашон чорабинии Рӯзи даъватшавандаро рангину хотирмон намуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун

Апрель 4, 2023 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд