ДАЪВАТИ БАҲОРӢ. Ҷавонони ватандӯсти ноҳияи Данғара ба сафи Артиши миллӣ гуселонида шуданд

Апрель 3, 2023 10:51

ДУШАНБЕ, 03.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар саҳни Комиссариати ҳарбии ноҳияи Данғара ба хотири ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат маъракаи тантанавӣ доир гардид, ки дар он ҷавонони ихтиёрӣ аз ҷамоату шаҳракҳои ноҳия ба сафи Артиш гуселонида шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Данғара хабар доданд.

Таъкид гардид ки ҷавонони мо бояд ҳимоятгари манфиатҳои миллӣ бошанд. Зеро ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлол, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар фарди ватандӯст мебошад.

Дар маросим сарбозони оянда ва волидони онҳо бо самимияти хосса нисбат ба ҳифзи марзу буми Ватан сухан гуфтанд. Иброз гардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ тамоми шароит баҳри хизмати ҳамаҷонибаи сарбозон ва афсарон дар қисмҳои низомӣ фароҳам оварда шудааст ва бояд ҳар ҷавони ватандӯст баҳри иҷрои саривақтии қарзи шаҳрвандии хеш бе чуну чаро ба Артиш ҳозир гардад.

Ба иттилои манбаъ, ноҳияи Данғара нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи нахустин пурра иҷро намуд. Гуфта шуд, ки давоми солҳои охир садҳо ҷавони ноҳияи Данғара дар ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ  сарбаландона хизмати Ватан-Модарро адо намуда, бо чолокиву ҳушёрӣ дар ҳифзи марзу буми меҳан ҳиссаи муносиб гузоштааст.

АКС: Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Данғара

Апрель 3, 2023 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд