ДАЪВАТИ БАҲОРӢ. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар қаламрави Тоҷикистон 40 фоизро ташкил дод

Апрель 12, 2023 15:59

ДУШАНБЕ, 12.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ба 40 фоиз расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи мамлакат хабар доданд.

Тавре қаблан хабар дода будем, аз 1 апрели соли равон дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 марти соли 2023 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ва тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати навбатии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ муташаккилона идома дорад.

Дар ин радиф бо оғоз гардидани маъракаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар нахустин рӯзи даъват аввалин шуда дар ҷумҳурӣ шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз иҷрои пураи нақшаи пешбинишуда гузориш доданд.

Натиҷаи фаъолияти хуби масъулини мақомоти вобастаи давлатии  даъват дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аст, ки аллакай ноҳияҳои Лахш, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Сангвору шаҳри Ваҳдат даъвату гусели ҷавонписаронро ба анҷом расонида, иҷрои маъракаро ба  57 фоиз баробар намудаанд.

Давоми 10 рӯзи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ иҷрои нақша дар вилояти Хатлон 34 фоизро ташкил дода, ноҳияи Вахш аз анҷоми даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ гузориш дод.

Бо ҳамин тартиб, чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ давоми 10 рӯзи идомаи ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар вилояти Суғд 26 фоиз ва дар шаҳри Душанбе ба 30 фоиз баробар гардидааст.

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 12, 2023 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд