ДАЪВАТИ БАҲОРӢ. Наваскарони ноҳияи Шаҳристонро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел карданд
СУҒД, 04.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 3 апрел дар назди Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳристон маъракаи ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон хабар доданд.
Дар ҷамъомад роҳбарияти ноҳияи Шаҳристон, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои деҳот, фаъолони ноҳия, собиқадорон, даъватшавандагон, падару модарони наваскарон иштирок доштанд.
Тазаккур дода шуд, ки Артиши миллӣ дар ҳама давру замон ҳомии марзу бум ва нигаҳбони давлат аз ҳуҷуми бегонагон мебошад ва хушбахтона, имрӯзҳо бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити хизмати ҳарбӣ рӯз аз рӯз беҳтар мегардад.



Дар қисмҳои низомӣ барои ҳайати шахсӣ шароити хуби хизматӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар фарҷом тибқи анъанаи миллӣ барои даъватшавандагон маросими нонгазон ва барномаи фарҳангӣ доир ва дастархони идона ороста шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон










Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






