Даъватшавандагони шаҳри Турсунзодаро бо анъанаи «Кулчагазон» ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд
ТУРСУНЗОДА, 03.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» Рӯзи даъватшаванда баргузор шуд. Дар ин рӯз зиёда аз 130 ҷавони даъватшаванда дар фазои тантанавӣ ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар дафтари матбуоти шаҳри Турсунзода Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ доданд.
Дар маросим масъулини шаҳри Турсунзода изҳор доштанд, ки ҳифзи оромиву осоиштагии сарзамини муқаддас қарзи шаҳрвандии ҳар ҷавонмарди ба ору номус ба ҳисоб рафта, Қувваҳои Мусаллаҳ сипари боэътимод ва такягоҳи давлату миллат арзёбӣ мегарданд. Маҳз бо шарофати ҷасорати касбӣ, садоқату ҷоннисорӣ ва хизматҳои афсарону сарбозон дар ҷомеаи мо сулҳу субот пойдор буда, мардум ба таври осоишта меҳнат ва зиндагонӣ мекунанд.
Дар ҳамоиши мазкур ба зиёда аз 100 наваскаре, ки курси ронандагии ТҶ «Мададгори мудофиа»-ро хатм намуда, барои ба сафи Артиши миллӣ шомил шудан ихтиёран ариза навишта буданд, шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.


Модарони даъватшавандагон дар гусели фарзандонашон изҳор доштанд, ки “мо аввал шукронаи сулҳу амонии ҷумҳуриро мекунем, зеро файзу баракат ва ҳаёти осуда аз сулҳу субот вобастааст. Хизмат ба Ватан ва ҳифзи оромиву осоиштагии сарзамини муқаддас қарзи шаҳрвандии ҳар ҷавонмард буда, Артиши миллӣ мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат ва шуҷоат ба ҳисоб меравад. Иҷрои ин қарз нишонаи камолоти инсонии ҳар ҷавон ва падару модар мебошад”.
Дар фарҷоми ҳамоиш бо анъанаи «Кулчагазон»-у дуои неки волидон ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел карда шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд






