«ДИПЛОМАТИЯИ ОБИИ ТОҶИКИСТОН». Доир ба он ба донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Туркия маълумот дода шуд

Апрель 14, 2023 10:25

ДУШАНБЕ, 14.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 12 апрел Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов дар назди устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи техникии ОСТИМ дар мавзуи «Дипломатияи обии Тоҷикистон» сухан гуфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

 Дар маъруза роҷеъ ба ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим ва захираҳои обии Тоҷикистон маълумот пешниҳод гардид.

Ҳамзамон дар доираи маъруза наворҳои муаррифи Тоҷикистон намоиш дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки 22-24 март дар партави ташаббусҳои бузурги байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба маркази тантанаҳои бузурги об дар сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обро сарчашмаи ҳама мавҷудоти зинда дар олам ва қудрати муттаҳидсозии одамони сайёра номида, таъкид доштанд, ки мо бояд ба куллӣ тағйир додани тарзи фаҳмиш, арзиш ва идоракунии обро ба хубӣ дарк намоем.

«Моро зарур аст, ки вобаста ба об дидгоҳи нав дошта бошем, ки дурнамои рушди захираҳои онро инъикос намуда, ҳамзамон ба таҳкими нақши захираҳои оби тоза дар рӯзномаи баъдинаи ҷаҳонӣ мусоидат кунад», иброз доштанд зимни суханронӣ Президенти Тоҷикистон.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 14, 2023 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
­Аз минбари СММ то «Раванди оби Душанбе»: таъсири ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
БОҶАЙЁМ — МУЖДАРАСОНИ НАВРӮЗ. Дар Бадахшон дар ин давра дар тараддуди ҷашнгирии Иди Наврӯз мешуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд