Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 01.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва бо дастгирии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои ҳамватанони муқими Олмон — «Пайванди Тоҷикони Олмон» ва «Тоҷикони Олмон» дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон хабар доданд.
Зимни чорабинӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов ҳозиринро ба муносибати Наврӯз табрик намуда, иброз дошт, ки ин ҷашни бостонӣ мардумонро ба доштани руҳияи нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ ҳидоят менамояд. Ӯ ҳамзамон ба зарурати ҳифз ва муаррифии шоистаи фарҳанг ва суннатҳои миллӣ, инчунин масъулияти ҳар ҳамватан дар арҷгузорӣ ба забон ва арзишҳои фарҳангӣ ишора намуда, дар ин замина нақши ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими ҷойгоҳи байналмилалии Наврӯз махсус таъкид намуд.
Дар чорабинӣ беш аз 1100 нафар меҳмонон, аз ҷумла ҳамватанони муқими Олмон, форсизабонони кишвари иқомат, шаҳрвандони олмонӣ ва дигар меҳмонони хориҷӣ иштирок намуданд.
Дар идома барномаи фарҳангӣ бо иҷрои таронаҳои миллӣ ва муосир чорабиниро ғанӣ гардонид. Ҳамчунин навозандаи фортепиано Сорбон Раҳим ва навозандаи ғиҷҷак Наҷим Ҷаннатов бо иҷрои асарҳои мусиқӣ ҳунари худро ба намоиш гузоштанд.
Дар доираи чорабинӣ намоиши либосҳои миллӣ ва муосири тарроҳони тоҷик Хуршед Сатторов ва Лайло Ҳабибӣ баргузор гардид, ки таваҷҷуҳи зиёди ҳозиринро ҷалб намуд.
Ҳамзамон гӯшаи фарҳангӣ бо оростани хони наврӯзӣ, аз ҷумла “Ҳафт-син” ва “Ҳафт-шин”, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ ва аксҳои зебои табиати Тоҷикистон ташкил карда шуд.
Барномаи ҷашнӣ инчунин баргузории мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ), барномаи рақсҳои анъанавӣ ва суманак — рамзи Наврӯзро дар бар гирифт.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон























Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд






