«ФИРДАВСӢ-ШОИРИ ПАЁМРАСОН». Таҳти чунин унвон дар Душанбе рӯнамоии китоб доир шуд

Апрель 28, 2023 18:03

ДУШАНБЕ, 28.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) таҳти унвони «Фирдавсӣ-шоири паёмрасон» рӯнамоии китоби номзади илмҳои педагогии Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Ҷамолиддин Саидзода баргузор шуд. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Ҳамоишро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки «Шоҳнома» аз зумраи нодиртарин китоби таърихи баргузидаи ниёгони тоҷикони муосир маҳсуб мешавад ва  муаллифи китоби «Фирдавсӣ — шоири паёмрасон» Ҷамолуддин Саидзода бо эҳёи тафаккури миллӣ тавассути «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ иқдоми хуберо ба роҳ мондааст.

Дар ҳамоиш ҳамзамон  академикҳо, шоирону нависандагон доир ба паҳлуҳои гуногуни сабк, ҳадафҳои нигориши «Шоҳнома» ва анъанаи шоҳноманависии миллӣ маъруза намуданд.

 Ҷамолиддин Саидзода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки касоне, ки китобро мутолиа кардаанд, медонанд, ки дар муаррифиномаи ин асар  мақсади муаллиф дарҷ шудааст ва ин китоб  аз дил баромадааст.

«Фирдавсӣ дар адабиёти мо яке аз шоирони бузург маҳсуб шуда, шуҳрати оламгир дорад ва ягона касе аст, ки  дар адабиёти мо мавзуи Ватан  ва ватандӯстӣ- мавзуи муқаддастаринро тараннум намудааст.

Нигаҳ кун б-ад ин лашкари номдор,
Ҷавонони шоистаи корзор.
Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,
Зану кӯдаки хурду пайванди хеш
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Ин мисраъҳо шиори имрӯзи мо аст, зеро ҷавонони мо бояд дар роҳи ватандӯстӣ тарбия ёбанд, баҳри ҳифзи марзу буми мамлакат ҳамеша омода бошанд»,-гуфт Ҷамолиддин Саидзода.

Инчунин мавсуф тазаккур дод, ки Фирдавсӣ на танҳо шоири ватандӯсту ватансаро, балки хирадгаро низ ҳаст ва дар «Шоҳнома» масъалаи хирад, дониш, сулҳ, адолат ва сухан нақши калидӣ дорад. Ин асари безавол бо ситоиши хирад шуруъ мешавад.

Ҳамзамон китоби «Фирдавсӣ — шоири паёмрасон» аз се китоб иборат мебошад.

Ҳамзамон мавсуф гуфт, ки «Шоҳнома» як уқёнус аст, ки 60 ҳазор байтро фаро мегирад  ва дар он тамоми мавзуъҳо баён ёфтаанд.  Вақте мо дар бораи паёмҳои Фирдавсӣ суҳбат мекунем, бояд гӯем, ки паёми ӯ ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ аст».

Ба ақидаи муаллиф, ҳадафи таълифи китоби мазкур он аст, ки ҳамагон бояд ватандӯсту худшинос ва ба ҳифзи Ватан ҳамеша омода бошанд.


Ёдовар мешавем, ки «Шоҳнома» ҳамосаи миллии мардумони ориëӣ аст, ки Ҳаким Фирдавсӣ онро солҳои 970-1005 дар муддати 30-35 сол навиштааст. Ҳамоса аз 60 ҳазор байт (120 ҳазор мисраъ) иборат аст ва бузургтарин ҳамосаи ҷаҳон, ки ба қалами як шахс тааллуқ дорад, ба ҳисоб меравад.

Муқаддимаи «Шоҳнома» аз бобҳои «Оғози китоб», «Гуфтор андар ситоиши хирад» фароҳам омадааст.

Маҳз «Шоҳнома» эҳёкунандаи афкори миллӣ ва осори аҷдодони неруманду суханвари тоҷикон маҳсуб мешавад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 28, 2023 18:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар сокини ҷумҳурӣ аст
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ давраи омузишӣ баргузор шуд
ТОҶИКОН — МЕРОСБАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Иқдоми Тоҷикистон дар самти ҳифзу арҷгузорӣ ба тамаддуни ориёӣ саривақтӣ ва муҳим аст
Сокинони шаҳри Исфара соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд
Дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе маркази омӯзиши забони чинӣ таъсис дода мешавад
БОРБАД — АСОСГУЗОРИ МУСИҚИИ ШАРҚ. Хунёгаре, ки назирашро таърихи башар ёд надорад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мегарданд
Масъалаи дастрасӣ ба оби нӯшокии устувор бо намояндагони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Академик Фарҳод Раҳимӣ: «Бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе аҳамияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ дорад»
Дар Академияи миллии илмҳо нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ЭҲЁГАРИ НАВРӮЗ. Пас аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҷойгоҳ пайдо намуд
Соли 2025 — соли афзоиши устувори истифодабарандагон ва тақвияти нуфузи АМИТ «Ховар» дар фазои рақамӣ