Футболбозони «Шодмон» дастаи «Колхози Россия»-ро бо ҳисоби 6 бар 0 мағлуб карданд

Апрель 14, 2023 15:23

ҲИСОР, 14.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 13 апрел дар варзишгоҳи «Ҷавонон»-и шаҳри Ҳисор мусобиқаи дастаҳои футболи «Шодмон»-и шаҳри Ҳисор ва «Колхози Россия»-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе  дар Лигаи дуюми мамлакат доир гардид, ки  дар натиҷа бо ҳисоби 6 бар 0 ба фоидаи дастаи «Шодмон» хотима ёфт, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд.

Аз таъсиси дастаи футболи шаҳри Ҳисор «Шодмон» муддати зиёде нагузашта бошад ҳам, бозингарони он то имрӯз аз 4 бозӣ 3 ғалаба ба даст оварданд. Дар бозии навбатӣ  ба дарвозаи ҳарифи худ- дастаи «Колхози Россия» 6 тӯби беҷавоб зада, ғолибияти дастаро таъмин намуданд.

Дар муваффақияти даста саҳми мураббӣ Сӯҳроб Шарифов ва ёрдамчии мураббӣ Фаррух Севинов калон буда, умед аст, ки дастаро дар наздиктарин фурсат ба ҳайати Лигаи якуми мамлакат шомил менамоянд.

Чор тӯб — якум, дуюм, чорум ва шашумро бозингари дастаи «Шодмон»  Саидҳомид Узбеков, тӯби сеюмро Ҳумайнӣ Камолов ва тӯби панҷуми ҷаримавии ёздаҳметраро Кабир Қосимов, ки дар қисми дуюми бозӣ вориди майдон гардид, ба дарвозаи меҳмонон заданд.

Дар интиҳои қисми якуми бозӣ Раиси шаҳри Ҳисор дар фазои тантанавӣ ба ғолиби «Ҷоми Президенти Тоҷикистон» ва Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдумалик Болтаев Сипосномаи Раиси шаҳр ва туҳфаи хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисорро тақдим намуд. Ҳамзамон ба ӯ баҳри гирифтани роҳхати иштирок дар Мусобиқаи байналмилалии қитъавии Осиё, ки моҳи ноябр дар ҷумҳурии Урдун баргузор мегардад, муваффақият таманно карданд.

Абдумалик Болтаев таҳти роҳбарии Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Нарзуллоев тамрин менамояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Апрель 14, 2023 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад