ГУЗАРИШ БА НИЗОМИ БИСЁРХОЛАИ БАҲОГУЗОРӢ. Меъёри панҷбаллаи мавҷуда дониши воқеии хонандагонро инъикос карда наметавонад

Апрель 7, 2023 08:31

ДУШАНБЕ, 07.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 марти соли 2023 ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки Низомномаи низоми бисёрхолаи баҳогузорӣ ба дониш, малака ва маҳорати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад. Дар робита ба ин мухбири АМИТ «Ховар» бо Директори пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ Асадулло Наҷмиддиниён ҳамсуҳбат гардид.

«Имрӯзҳо таҷрибаи ҷаҳонӣ собит сохтааст, ки меъёри панҷбаллаи мавҷуда дониши воқеии хонандагонро инъикос карда наметавонад. Дар он андоза ва меъёрҳои дақиқи баҳогузории фаннӣ аз байн рафтааст, ки дар навбати худ боиси воқеӣ набудани баҳо ва тобеияти он  ба мақоми омӯзгор гардидааст. Аз ин рӯ, зарурати гузариш ба низоми нави баҳогузорӣ дар шароити имрӯза ба миён омадааст»,-иброз дошт директори пажуҳишгоҳ.

Ба андешаи мавсуф, дар раванди баҳогузории мавҷуда асосан аз се баҳо-3 (миёна), 4 (хуб), 5 (аъло) истифода мебаранд, ки ин меъёр барои баҳогузорӣ намудани дониши воқеии хонандагон кофӣ нест. Инчунин  дар низоми мавҷуда хонандагон ба гурӯҳҳои «аълохонҳо», «хубхон», «сехон» ва «духон» ҷудо шудаанд, ки ба андешаи мутахассисон, ин тарзи баҳодиҳӣ доираи маҳдуд дошта, инчунин ба ҳолати равонии хонандагон таъсири хуб намерасонад.

Дар низоми бисёрхола фаъолияти таълимии хонандагон аз рўи 4 дараҷа ва 10 зинаи баҳодиҳӣ  арзёбӣ карда мешавад: Дараҷаи 1. Хеле паст (аз 0- 40 хол), (паст) (аз 40-50 хол); Дараҷаи  2. Кофӣ (51-56 хол), миёна (57- 62 хол), қаноатбахш ( 63-69 хол), Дараҷаи 3. Қариб хуб (70-74 хол), хуб (75-79 хол), хеле хуб (80-84 хол); Дараҷаи 4. Аъло (85-89 хол), олӣ (90-95 хол) ва олитарин (96-100 хол);

«Низоми бисёрхола ба омӯзгор имкон медиҳад, ки ба натиҷаи ниҳоӣ ва комёбиҳои таълимии хонанда ба таври воқеӣ баҳо диҳад. Супоришҳое, ки аз тарафи хонандагон иҷро карда мешаванд, аз ҳамдигар фарқ доранд ва ин тафовутҳоро дар баҳогузории 5-хола муайян кардан ғайриимкон аст»,-гуфт Асадулло Наҷмиддиниён.

Ба андешаи коршинос, яке аз вазифаву ҳадафҳои асосии низоми нави бисёрхола мутобиқ ва мувофиқ намудани меъёрҳои баҳодиҳии мамлакат ба меъёрҳои байналмилалии баҳодиҳӣ буда, ба таъмини баробарарзишии ҳуҷҷатҳои хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат ва бартараф намудани мушкилоти шаҳрвандон дар идома додани таҳсил дар донишгоҳҳои мамлакатҳои хориҷи дуру наздик мусоидат менамояд.

«Низом имкон медиҳад, ки системаи арзёбии дохилисинфӣ ва аттестатсия (имтиҳонот) — таъминкунандаи фаъолияти самарабахши системаи таҳсилот такмил ёфта, воситаҳои арзёбии баландсифати ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои давлатҳои пешрафта омода гардад»,- иброз дошт ҳамсуҳбати мо.

Бояд тазаккур дод, ки имрӯзҳо дар давлатҳои зиёди дунё меъёрҳои баҳогузорӣ ба дониш, малака ва маҳорати хонандагон истифода  бурда мешаванд, аз ҷумла:

— дар шакли гуфторӣ;

— дар шакли навишторӣ;

— дар шакли ҳуруф;

— дар шакли ҳам миқдорӣ ва ҳам навишторӣ;

Ба андешаи директори пажуҳишгоҳ, дар баъзе давлатҳо дар синфҳои 1-3 тамоман баҳо гузошта намешавад ва аз синфҳои 4-7  танҳо шакли гуфтории баҳодиҳӣ истифода бурда мешавад (дар Финландия ва дигар давлатҳо).

Албатта, интихоб ва истифодаи дурусти низоми мувофиқ ва риояи меъёрҳои стандартонидашудаи он сабаби баланд гардидани сифати таҳсил, ташаккули камолоти маънавии хонандагон ва рушди ҷомеа мегардад.

Бояд гуфт, ки Низоми бисёрхолаи баҳодиҳӣ дар мамлакатҳои мутараққӣ ва аз ҷиҳати илму маориф пешрафта, ба мисли Ҷопон, Кореяи ҷанубӣ, ИМА, Фаронса, Эрон  ба таври 20-хола ва ғайра амалӣ гардида истодааст. Дар аксарияти кишварҳо аз меъёрҳои бисёрхолаи баҳодиҳии 10, 12, 20- хола истифода мебаранд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 7, 2023 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ МОДАР — ИСФАНДОРҶАШНИ НИЁГОН. Тоҷикон аз замонҳои қадим арзишҳои фарҳангиро ҳифз намуда, аз насл ба насл интиқол додаанд
МОДАР — АВВАЛИН УСТОД. Дар аллаи ӯ як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва орзую ормон нуҳуфтааст
МАНЗАЛАТИ ЗАН ДАР ТОҶИКИСТОН БАЛАНД АСТ. Андешаҳо оид ба нақши занон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ
МАҚОМИ ЗАН-МОДАР ДАР АФКОРИ СИЁСИЮ ФАРҲАНГИИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Эҳдо ба Рӯзи Модар
Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Тоҷикистон муайян гардидааст
То соли 2030 дар Тоҷикистон 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд карда мешавад
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид