«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 08.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 7 апрел дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз рӯи номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳ.
Дар озмун донишҷӯёни зинаи бакалавр, магистрантон, аспирантон, докторантони PhD, унвонҷӯён, омӯзгорон, докторантҳо аз рӯйи ихтисос иштирок намуда, ихтироъ ва дастовардҳои навини худро ба ҳайати ҳакамон пешниҳод намуданд.
Барои гузаронидани даври якуми озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» дар донишгоҳ нақшаи чорабиниҳо, ҷадвали баргузории озмун ва назорати он, тасдиқи ҳайати ҳакамон, гузаронидани машварат барои ҳайати ҳакамон ва масъулони озмун, назорати риояи талабот ва пешниҳоди тавсияҳо ба довталабони озмун, омӯзиш ва тавсияи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшудаи иштирокчиёни озмун, таъсиси комиссияи аппелятсионӣ амалӣ гардонида шуд.
Ғолибони озмун бо мукофоти пулӣ ва сипосномаҳои раёсати донишгоҳ қадрдонӣ карда мешаванд.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ











Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Моҳи май даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад
Моҳи апрел даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд






