Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи XXI комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои СААД баргузор мешавад

Апрель 27, 2023 09:03

ДУШАНБЕ, 27.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 27 апрел дар шаҳри Душанбе ҷаласаи XXI комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Баргузории ҷаласаи гурӯҳҳои корӣ низ дар назар дошта шудааст.

Интизор меравад, ки иштирокдорони ҷаласаи XXI комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ масъалаҳои марбут ба ҷараёни иҷрои Протокол ва қарорҳои ҷаласаи XX комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, инчунин фаъолияти заминавии созмон дар самти рушди ҳамгироӣ ва робитаҳои корхонаҳо ва созмонҳои мудофиавии комплекси ҳарбию саноатии давлатҳои аъзои ин созмон ва дигар масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориро баррасӣ намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки ҷаласаи XX комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ соли 2022 дар пойтахти Русия- шаҳри Москва баргузор гардида буд.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 27, 2023 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид