Каталония аз хушксолии дар даҳсолаи охир сахттарин азият мекашад

Апрель 5, 2023 17:09

ДУШАНБЕ, 05.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Каталонияро хушксолии сахттарин дар даҳсолаи охир фаро гирифтааст. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин хусус АБИ «Казинформ» бо истинод ба BBC NEWS иттилоъ додааст.

Обанбори Сау, ки 100 километр дуртар аз Барселона дар дохили мамлакат ҷойгир аст, ним аср боз шаҳрҳои минтақаи шимолу шарқи Каталонияро бо об таъмин мекунад. Аммо моҳҳои охир он ба намоёнтарин рамзи хушксолии шадид дар даҳсолаҳои охир табдил ёфтааст.

Моҳи март агентии обуҳавосанҷии Испания AEMET изҳор кард, ки дар маҷмуъ кишвар ҳанӯз дар ҳолати хушксолии метеорологие қарор дорад, ки беш аз як сол пеш оғоз шуда буд.

Аз ин рӯ, коршиносон аллакай камчинии маҳсулотро ҳам дар Испания ва ҳам дар хориҷи кишвар, инчунин болоравии нархи онҳоро пешгӯӣ мекунанд.

Мақомоти Каталония исрор доранд, ки ояндаи наздик ягон маҳдудияти дигар ҷорӣ нахоҳад шуд. Вале бо наздик омадани тобистон, ҳарорати баланди интизорӣ ва фишори изофӣ ба захираҳои об, ки сайёҳии мавсимӣ талаб мекунад, онҳо эътироф мекунанд, ки ба бадтарин шароит омодагӣ мебинанд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

Акс: REUTERS

Апрель 5, 2023 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад