Кормандони Раёсати БДА бо донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон вохӯрӣ доир намуданд

Апрель 28, 2023 19:29

ДУШАНБЕ, 28.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ вохӯрӣ оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён, вайрон намудани талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, бо мошинҳои шахсӣ ворид нагардидани донишҷӯён ба дарс ва шомл нашудан ба равияҳои ифротиву иртиҷоӣ доир гардид. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Файзалӣ Қурбонзода хабар медиҳад.

Тазаккур дода шуд, ки баргузории чунин вохӯриву суҳбатҳо бо донишҷӯёни донишгоҳҳои мамлакат бе натиҷа набуда, самараи мусбат медиҳад.

Ҳамзамон зимни чорабинӣ аз аҳли нишаст даъват ба амал оварда шуд, ки  дар сурати мушоҳидаи ин ё он ҳолати вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагон ва пиёдагардон бетарафӣ ихтиёр накарда, бо Раёсати бозрасии давлатӣ автомобилӣ ҳамкории пайваста барқарор намоянд, зеро ислохи камбудӣ кори дастҷамъӣ дониста мешавад.

Дар фарҷом байни кормандони Раёсати бозрасии давлатӣ автомобилӣ ва донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ саволу ҷавоб анҷом дода шуд.

АКС: Раёсати бозрасии давлатӣ автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумхурии Тоҷикистон

Апрель 28, 2023 19:29

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид