Кумакҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони интернатҳои наздимактабии ноҳияи Мурғоб дастрас гардид
ДУШАНБЕ, 20.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иқдомҳои башардӯстонаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаку таҳфаҳои навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбиятгирандагони 8 интернати наздимактабии ноҳияи Мурғоб расонида шуд.
Туҳфаҳои Сарвари давлатро ба тарбиятгирандагони интернатҳо намояндагон Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони ин муассисаҳо супориданд. Туҳфаҳое, ки ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ноҳияи Мурғоб тақдим гардид, аз либосҳои мактабию варзишӣ ва пойафзол иборат буд. Инчунин барои тарбиятгирандагон хони идона ороста шуд.
Таъкид гардид, ки сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дар меҳвари ташаббусҳои наҷиби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, аз солҳои нахустини соҳибистиқлолии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Намояндагони гурӯҳи корӣ зимни суҳбат бо мураббиён таъкид намуданд, ки ба тарбиятгирандагон чун фарзандони худ муносибат карда, онҳоро аз синни хурдӣ ба забондонию илмомӯзӣ роҳнамоӣ созанд то ҳисси баланди миллӣ ва ифтихори бузурги ватандорӣ дошта бошанд.
Гуфта шуд, ки роҳбарияти ҳукумати мамлакат расонидани кумакҳоро ба қишрҳои ниёзманди аҳолӣ, хусусан тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо дар меҳвари сиёсати инсондӯстонаи худ қарор дода, шароити арзандаи таҳсилро барои онҳо дар муассисаҳои олӣ ва касбӣ фароҳам овардааст, то онҳо дар оянда соҳиби илму дониш гардида, ба Ватани худ содиқона хизмат намоянд.
Бояд тазаккур дод, ки дар ноҳияи Мурғоб 8 интернати наздимактабӣ дар ҷамоатҳои дурдасти деҳот фаъолият менамояд, ки дар онҳо 174 тарбиятгиранда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
АКС аз бойгонӣ










ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






