Кумакҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони Муъминобод дастрас карда шуд

Апрель 20, 2023 16:11

ДУШАНБЕ, 20.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба 119 тарбиятгирандаи  Мактаб- интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон аз кумаку туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дастрас карда шуд.

Туҳфаҳои Сарвари давлат аз ҷониби Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода ба тарбиятгирандагони  ин муассиса расонида шуд.

Таъкид гардид, ки имрӯз давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳдошти рӯзгору таълими онҳоро дар мадди аввали сиёсати худ қарор дода, барои дар оянда идома додани таҳсил дар муассисаҳои олии таълимӣ имконоти дастрас  фароҳам сохтааст.

Хамчунин таъкид гардид, ки аз гузашта то ба имрӯз бештари мутахассисони баландпояи Тоҷикистон хатмкардагони маҳз чунин мактаб-интернатҳо мебошанд. Тақдими туҳфаҳо,  ки иборат аз сару либос буд, сабаби хушҳолию қаноатмандии кулли тарбиятгирандагон гардид. Онҳо бо ифтихор аз доштани чунин Сарвару давлат худро хушбахттарин фарди ҷомеа мешуморанд ва  подоши ин ғамхориҳоро хониши хубу аъло ва содиқ будан ба ин миллату сарзамин  медонанд.

Апрель 20, 2023 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд