Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи 55-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуд

Апрель 15, 2023 10:49

ДУШАНБЕ, 15.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 14 апрел ҳайати парлумонии  Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода ва муовини аввали Раиси Маҷлиси миллӣ Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷаласаи 55-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки раёсати баргузории онро Раиси Ассамблеяи мазкур, раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко бар ӯҳда дошт, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Аъзои Шӯро рӯзномаи онро тасдиқ намуда, 21 масъалаи дар он зикршударо баррасӣ ва қабул намуданд. Аз ҷумла иштирокчиёни ҷаласаи пленарӣ  дар бораи такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии ИДМ дар соҳаи экология ва истифодаи табиат маърузаҳо шунида, як қатор қонунҳои намунавӣ дар ин соҳа, аз ҷумла «Дар бораи бехатарии экологӣ», «Дар бораи истеҳсолот ва истеъмол» , «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда», «Дар бораи дастрасӣ ба иттилооти экологӣ»-ро муҳокима намуданд.

Дар ҷаласаи пленарӣ  Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода суханронӣ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки аҳамияти қонунҳои намунавӣ, аз қабили «Дар бораи бехатарии экологӣ», «Дар бораи муомилоти молиявӣ», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва «Дар бораи мубориза бар зидди киберҷинояткорӣ»-ро мехоҳам махсус таъкид намоям.

Гуфта шуд, ки бо дарназардошти аҳамияти масъалаҳои экологӣ, сиёсати кунунии Тоҷикистон дар ин самт ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, аз ҷумла таъмини устувории экологӣ ва мутобиқсозии иқтисодиёти миллӣ ба оқибатҳои он нигаронида шудааст.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон беш аз бист сол боз масъалаҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла масъалаҳои об ва тағйирёбии иқлимро дар рӯзномаи рушди ҷаҳонӣ пешбарӣ мекунад. Дар ин муддат бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об 9 қатънома қабул кард ва татбиқи онҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои мувофиқашудаи глобалӣ дар соҳаи об заминаи муносиб фароҳам овард.

Тазаккур дода шуд, ки ҳоло комилан равшан гардидааст, ки ба вазъи захираҳои об бевосита тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ таъсир мерасонад.  Дар сурати сари вақт барои ҳифзи манбаъҳои об тадбирҳо андешида нашаванд, инсоният метавонад ба ҳатари азим, офатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагон изҳор дошт, ки парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори ҳамкории мутақобилан судманд бо парлумонҳои давлатҳои аъзои ИДМ барои рушди устувори муштарак дар тамоми соҳаҳо мебошад.

Изҳори итминон карда шуд, ки амалӣ гардидани натиҷаҳои ҷаласаи имрӯзаи Ассамблеяи байнипарлумонӣ самараи дилхоҳ дода, омили дигари муассири таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд мегарданд.

Дар ҷаласа ҳамчунин раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон Равшан Раҷабзода роҷеъ ба масъалаҳои 12 ва 19-уми рӯзнома, дар бораи Қонуни намунавии «Дар бораи муомилоти молиявӣ», «Дар бораи усулҳои таъмини иҷрои ӯҳдадориҳо», «Дар бораи фондҳо»,  таҳрири нави Қонуни намунавӣ «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», ва «Дар бораи ӯҳдадориҳои вобаста ба расонидани зарар» суханронӣ намуд.

Дар ҷаласаи 55-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ Фарҳод Раҳимӣ ва Махмадшоҳ Гулзода, Раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Саидмурод Фаттоҳзода, Рустам Шоҳмурод ва намояндаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Бахтовар Сафарзода низ иштирок намуданд.

14 апрел ҷаласаи 55-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ба кори худ анҷом бахшид.

Ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода баъди анҷоми ҷаласа дар нишасти матбуоти иштирок ва суханронӣ намуд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 15, 2023 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд