Мавзуъҳои мубрами рӯз зимни мулоқоти Прокурори генералӣ бо фаъолони вилояти Суғд баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 05.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд вохӯрии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарият ва фаъолони шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор гардид, ки зимни он мавзуъҳои мубрами рӯз баррасӣ карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар доданд.
Тавре таъкид шуд, ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми мамлакат таҳти роҳбарии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуд.
Таъкид гардид, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд. Аз ин лиҳоз, фаъолонро зарур аст, ки бетарафӣ зоҳир накарда, бо мақомоти дахлдор ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гаравидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро бигиранд ва онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.
Вобаста ба даъвати баҳоронаи наваскарон ба сафи Артиши миллӣ тазаккур дода шуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб шуда, дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин риояи талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии мамлакат мебошад. Бо мақсади роҳ надодан ба камбудиҳо ва ҷиҳати сифатан хуб ба роҳ мондани даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ таъкид карда шуд, ки бояд чорабиниҳои пешаздаъватӣ оид ба омӯзиши шахсияти даъватшавандагон ва ташкили босамари кори комиссияҳои даъватӣ дар сатҳи баланд ва мувофиқ ба меъёрҳои қонунҳои амалкунандаи соҳа ба роҳ монда шавад, то ки беҳтаринҳо ва пеш аз ҳама, нафарони руҳану ҷисман солим ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват гарданд.
Гуфта шуд, ки вобаста ба вазъияти минтақа ва ҷаҳон масъалаҳои муқовимат ба хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм аҳамияти торафт мубрам пайдо карда истодаанд. Бо назардошти вазъи ҷаҳони муосир бояд ба масъалаи тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ, ҳисси баланди миллӣ ва пешгирӣ кардани шомилшавӣ ба ташкилоту ҳаракатҳои ифротӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад.
АКС: Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






