Минтақаҳои шарқии Муғулистонро тӯфони серчангу ғубор фаро гирифт
ДУШАНБЕ, 28.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи панҷшанбе музофотҳои Сухбаатор, Хэнтий ва Дорноди шарқи Муғулистонро тӯфони серчангу ғубор фаро гирифт, ки дар натиҷа биниш дар роҳҳо душвор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ додааст.
Тавре Институти обуҳавошиносӣ ва назорати муҳити зисти Муғулистон хабар медиҳад, суръати шамол дар минтақаҳои номбаршуда ба 24 м/с расидааст. Интизор меравад, ки дар оянда тӯфони серчангу ғубор қаламрави бештари кишварро фаро мегирад.
Дар робита ба ин, Сарраёсати ҳолатҳои фавқулодаи Муғулистон аз чорводорони бодиянишин даъват кардааст, ки дар чарогоҳҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд ва ронандагон бинобар мушкилоти биноӣ дар роҳҳо ҳушёр бошанд.
14 марти соли 2021 бар асари тӯфони шадиди серғубор, ки аксари қаламрави Муғулистонро фаро гирифт, дар вилояти Дундгов дар маҷмуъ даҳ нафар ба ҳалокат расида, беш аз 160 ҳазор сар чорво талаф ёфт.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






