Ҷо Байден расман эълон дошт, ки номзадии худро ба интихоботи президентии соли 2024 пешниҳод менамояд
 
			
					
										ДУШАНБЕ, 26.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Президенти ИМА Ҷо Байден иброз дошт, ки бори дуюм номзадии худро ба мақоми президент дар интихоботи соли 2024 пешниҳод менамояд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АБИ «Казинформ» бо истинод ба Би-Би-Си хабар додааст.
Ин қарори худро ӯ бо нашри навори седақиқагӣ, ки бо калимаи «озодӣ» оғоз мегардад, эълон доштааст. Дар он Байден иброз доштааст, ки ҳуқуқ ба исқоти ҳамл, ҳифзи демократия ва ҳуқуқҳои интихоботӣ, кафолати иҷтимоии амрикоиҳо масъалаҳои муҳимтарини маъракаи пешазинтихоботии ӯ ба шумор мераванд.
Байден гуфт, ки интихобкунандагон ихтиёр доранд, ки ба насли оянда «ҳуқуқ ва озодиҳои бештар ва ё камтар» гузоранд ва илова кард, ки «ҳар насли амрикоӣ лаҳзаеро аз сар гузаронидааст, ки зарур буд аз демократия, ҳуқуқҳои шахсӣ, ҳуқуқи овоздиҳӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ дифоъ намояд ва ҳоло мо дар рӯ ба рӯи чунин ҳолат қарор дорем».
АКС аз манбаъҳои боз









 
						
 Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд 
									 
									 
									 
									 
									





