Ҷо Байден расман эълон дошт, ки номзадии худро ба интихоботи президентии соли 2024 пешниҳод менамояд

Апрель 26, 2023 18:31

ДУШАНБЕ, 26.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Президенти ИМА Ҷо Байден иброз дошт, ки бори дуюм номзадии худро ба мақоми президент дар интихоботи соли 2024 пешниҳод менамояд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АБИ «Казинформ» бо истинод ба Би-Би-Си хабар додааст.

Ин қарори худро ӯ бо нашри навори седақиқагӣ, ки бо калимаи «озодӣ» оғоз мегардад, эълон доштааст. Дар он Байден иброз доштааст, ки ҳуқуқ ба исқоти ҳамл, ҳифзи демократия ва ҳуқуқҳои интихоботӣ, кафолати иҷтимоии амрикоиҳо масъалаҳои муҳимтарини маъракаи пешазинтихоботии ӯ ба шумор мераванд.

Байден гуфт, ки интихобкунандагон ихтиёр доранд, ки ба насли оянда «ҳуқуқ ва озодиҳои бештар ва ё камтар» гузоранд ва илова кард, ки «ҳар насли амрикоӣ лаҳзаеро аз сар гузаронидааст, ки зарур буд аз демократия, ҳуқуқҳои шахсӣ, ҳуқуқи овоздиҳӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ дифоъ намояд ва ҳоло мо дар рӯ ба рӯи чунин ҳолат қарор дорем».

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 26, 2023 18:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари обхезиву ярч ҳазорон нафарро дар Чин ба ҷойҳои амн кӯчониданд
Дабири кулли СММ даъват намуд, ки бинобар тағйирёбии иқлим ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ $100 млрд ҷудо шавад
Дар натиҷаи таркиши кони ангишт дар Чин теъдоди ҳалокшудагон ба 11 нафар расид
Дар тӯли ду сол дар Афғонистон 38 корманди СММ ҳалок шудаанд
Соли 2023 метавонад бинобар шумораи зиёди ҳалокшудагон ва захмиён дар байни кормандони созмонҳои башардӯстона рекордӣ бошад
Теъдоди аз сӯхтор ҳалокшудагон дар Гавайя ба 106 нафар расид
Раддабандии нави шаҳрҳои аз ҳама хатарноктарини Аврупо ва ҷаҳон ба нашр расид
Теъдоди ҳалокшудагони сӯхтори Гавайя ба 67 нафар расид
NASA аз наздик шудани астероиди эҳтимол ба Замин хатарнок иттилоъ дод
Теъдоди ҳалокшудагон дар натиҷаи сӯхтори ҷангал дар Гавайя аз 50 нафар гузашт
Гармии зимистон дар Чили ба 37 дараҷа расид
Дар Улан-Батор хуруҷи бемории вабои бубонӣ сабт гардид

Маводҳои таҳлилӣ