Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров коргоҳҳои дӯзандагӣ, қолинбофӣ ва коркарди меваро ифтитоҳ карданд

Апрель 1, 2023 09:01

ДУШАНБЕ, 01.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 1 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд коргоҳҳои дӯзандагӣ, қолинбофӣ ва коргоҳи коркарди меваро мавриди истифодабарӣ қарор доданд.

Дар доираи тадбирҳои ободонӣ бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар як муддати кутоҳ бо бунёди иншооти муҳими иҷтимоӣ ва коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ ободу зебо ва сатҳи зиндагии сокинонаш боз ҳам беҳтару хубтар гардонида шуд.

Бо ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ ва маркази истеҳсолию омӯзишии қолинҳои дастӣ дар деҳоти Овчиқалъача 40 нафар занону духтарони хонашин бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Иншоот ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо саҳми соҳибкори ватанӣ Мадина Каримова бунёд шуда, аз ду ошёна ибора мебошад.

Дар ошёнаи якуми бинои иншоот коргоҳ ва маркази омӯзишию истеҳсоли қолинҳои дастӣ ва попуридӯзӣ бо таъсиси 16 ҷойи корӣ ва дар ошёнаи дуюм бошад, коргоҳи дӯзандагӣ бо таъсиси 24 ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст.

Барои мутобиқсозии сифати маҳсулот ва таъмини пурраи хонандагон бо сарулибоси мактабӣ, корию ҳарбӣ, варзишӣ ва духти либоси миллию аврупоӣ дасгоҳу таҷҳизоти муосир аз хориҷи мамлакат ворид ва насб карда шудааст, ки коргарон бо истифода аз чунин шароити мавҷуда сарулибоси корию мактабиро бо нақшу нигори миллӣ ва тарҳи муосир омода ва пешниҳод месозанд.

Корхонаи дӯзандагии Ёсуман иқтидор дорад, ки дар як сол беш аз 10 ҳазор дона маҳсулоти дӯзандагиро истеҳсол намояд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароити кории иншоот иқдоми соҳибкори ватаниро ҷиҳати бунёди чунин коргоҳи замонавӣ шоистаи таҳсин хонда, ба масъулон дастур доданд, ки барои бо шуғли доимӣ таъмин намудани занону духтарони деҳаҳои дурдаст чунин коргоҳҳои истеҳсолӣ минбаъд низ бунёд карда шавад.

Дар ин ҷо ҳамзамон бо ҷалби мутахассисон нозукиҳои ҳунари қолинбофӣ ва попурдӯзӣ ба занону духтарони деҳоти Овчиқалъача омӯзонида мешавад. Омӯзиши ҳунари дастӣ заҳматталаб бошад ҳам, вале он манфиатовар ва дар бозорҳои дохилию хориҷӣ харидорони зиёд дорад. Бо дарназардошти ин коргарон баробари аз худ кардани ин ҳунари қадима дар ин коргоҳ ҳамзамон метавонанд ҳунари қолинбофии дастиро дар хона низ идома диҳанд.

Дар ин рӯз ҳамзамон дар маркази деҳоти Овчиқалъача бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи коркарди мева ифтитоҳ гардид.

Шуғли асосии аҳолии деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кишоварзӣ буда, сокинонаш бо истифода аз шароити фароҳамгардида заминҳои корами обию лалмиро самаранок истифода мебаранд ва дар бунёди боғу токзорҳои нав низ таҷрибаи бой доранд.

Дар навбати аввал дар ин ҷо ду намуд маҳсулот, аз ҷумла тамашк дар шакли муррабо ва хуч дар шакли нушоба истеҳсол мегардад.

Иншоот дар доираи фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ бо ҷалби соҳибкори ватанӣ Шавкат Қаюмов бунёд гардида 10 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд.

Коргоҳи мазкур бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, иқтидори истеҳсолии он дар як моҳ 10 ҳазор қутии шартӣ нӯшобаи хуч ва 500 қутии шартӣ мураббо аз маҳсулоти тамашк мебошад.

Дар оянда бо фаро расидани мавсими ҷамъоварии ҳосили қулфинай коркард ва басту банди он дар коргоҳи мазкур ба роҳ монда мешавад.

Президенти мамлакат зимни боздид аз раванди фаъолияти хатҳои нави технологӣ ва намунаи маҳсулоти саноатӣ таъкид доштанд, ки бо назардошти мавҷудияти ашёи хом бунёди чунин коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ сатҳи воридоти ин намуди маҳсулоти тайёрро аз хориҷи мамлакат коҳиш дода барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.

Ба истифода додани коргоҳҳои дӯзандагӣ, қолинбофӣ ва коркарди мева дар деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 01.04.2023

Апрель 1, 2023 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар волидон ва омӯзгорони хонандагони фаъол қадрдонӣ шуданд
Аъзои Раёсати ФБНА бо нишони сарисинагии «30-солагии Фонди байналмилалии наҷоти Арал» сарфароз гардонида шуданд
Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ аз Қалъаи Ҳисор ва боғи «Шаршара» боздид намуд
Соли чорум аст, ки сокинону меҳмонон ва сайёҳон аз тамошои Боғи «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе баҳра мебаранд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфтанд
Дар корхонаи «Пойафзоли Кангурт» давоми 4 моҳи соли равон 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) омодагиро ба марҳилаи интихобӣ оғоз намуд
Дар Душанбе бо иштироки Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани машварат доир шуд
5 июн дар шаҳри Гулистон ҷаласаи Мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид
Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун аз олам даргузашт
Дар соли раёсати Тоҷикистон Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба ҳайси нозир дар Маҷмаи Умумии СММ пазируфта шуд
Ҳамкории Донишкадаи кӯҳӣ-металургии Тоҷикистон ва Донишгоҳи кӯҳӣ-металлургии Федератсияи Русия тақвият меёбад