ПОСДОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТЕМ! Дар шаҳри Норак маросими гусели наваскарон доир гардид

Апрель 3, 2023 14:47

НОРАК, 03.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. 1 апрел дар саҳни Қасри фарҳанги шаҳри Норак бо иштироки роҳбарияти шаҳр, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва  роҳбарони корхонаю муассисаҳо, падару модарони даъватшавандагон бахшида ба Рӯзи даъватшаванда маъракаи бошукуҳи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак хабар доданд.

Зимни маросим ба наваскарон барои хизмати хубу софдилона ба Модар-Ватан барору комёбӣ таманно намуданд. Таъкид гардид, ки дар заминаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои бевоситаи Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол шароити хизмат дар қисмҳои ҳарбии мамлакат беҳтар мегардад.

Дар маросими гусел падару модарони наваскарон, ҷанговарони башардӯст ва собиқадорони меҳнат сухан гуфта, ҷавононро ба дӯст доштани Ватан ва содиқона ҳифз намудани сарзамини аҷдодӣ даъват намуданд.

Ҷавононе, ки барои адои хизмати Модар-Ватан дар даъвати баҳорӣ ихтиёран ба Комиссариати ҳарбии шаҳр омадаанд, қаблан бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ба курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши ронандагӣ фаро гирифта шуданд.

Дар шаҳри Норак ҷиҳати дар руҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон, хосса насли ояндасози мамлакат пайваста барномаҳои гуногуни фарҳангию маърифатӣ доир карда мешаванд.

Дар ҷамъбасти маросими гусел барои болидаруҳии навдаъватон аз ҷониби аҳли фарҳанги шаҳри Норак барномаи рангини консертӣ, иборат аз суруду таронаҳои ватандӯстона пешниҳод карда шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак

Апрель 3, 2023 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд