Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф овард

Апрель 5, 2023 12:30

ДУШАНБЕ, 05.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиевро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Дар доираи ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи баланди давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Ҷумҳурии Озарбойҷон пешбинӣ гардида, доираи васеи ҳамкории дуҷониба баррасӣ хоҳад шуд.

Ҳамчунин тибқи барномаи сафар, пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон якчанд санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 4 апрел дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Озарбойҷон баргузор гардид.

Дар форум масъалаҳо оид ба имконияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика ва сайёҳӣ баррасӣ гардида, инчунин имконоти ҳамкорӣ аз ҷониби бахши хусусии ду давлат муаррифӣ карда шуд.

Дар доираи форуми мазкур санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкорию сармоягузории ду давлат – Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба имзо расонида шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 5, 2023 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад