РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД. Хонандагони муассисаҳои таълимии Шуғнон бо фаъолияти милитсия шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 08.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақшаи чорабиниҳои ташкиливу ҳуқуқии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мақомоти милитсияи вилоят барои хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Шуғнон Рӯзи дарҳои кушод баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати мазкур хабар доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, мақсад аз баргузории чорабинии мазкур- бедор намудани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ҳувияти миллӣ, огоҳӣ ёфтан аз шароити фаъолияти кормандони милитсия, таҷҳизоти ҳарбӣ ва омода шудан ба хизмати Ватан-Модар мебошад.
Зимни ҳамоиш хонандагони муассисаҳои таълимӣ нахуст бо фаъолияти Дастаи таъйиноти махсуси Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд. Дар ин ҷо ҳайати шахсӣ аҳамияти яроқҳои муосир, аслиҳа ва дигар муҳимотеро, ки баҳри таъмини амнияту суботи мамлакат ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд, ба хонандагон шарҳу тавзеҳ дод.
Зимнан хонандагон бо мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ шинос шуда, аз тарзи идора намудани онҳо ҳангоми муҳорибаҳои ҳарбӣ, истифодаи чунин нақлиёт дар вақти омодабошии ҳарбӣ ва дигар рукнҳои Артиши миллӣ огоҳ гардиданд. Дар идома хонандагон аз тамоми утоқҳои алоҳида, аз қабили толори варзишии Дастаи таъйиноти махсуси милитсия, ки тамрин ва намудҳои машқҳои махсуси тактикӣ-ҳарбӣ дар он ҷо ба роҳ монда мешавад, дидан карданд.
Барои хонандагон аз ҳама муҳиму диққатҷалбкунанда- ин дидани Маркази камераҳои назоратии шаҳри бехатар буд. Зеро дар ин ҷо камераҳои назоратӣ васл карда шуда, тамоми ҳуқуқвайронкунии шаҳрвандон ва кирдорҳои зиддиҳуқуқии дар ҳудуди шаҳр содиршуда аз марказ назорат ва ба қайд гирифта мешавад.
Чунин чорабиниҳо ҷиҳати омода намудани насли наврас ба хизмат дар сафи Артиши миллӣ мусоидат намуда, онҳоро дар руҳияи муҳаббат ба Ватан ва муқаддасоти миллӣ тарбия менамояд.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Бадахшон








Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






