«РУШДИ ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ ДАР ШАРОИТИ РАҚАМИКУНОНӢ».Таҳти ин унвон конференсияи илмиву амалӣ баргузор шуд

Апрель 22, 2023 13:32

ДУШАНБЕ, 22.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Донишгоҳ  таҳти унвони «Рушди илм ва инноватсия дар шароити рақамикунонӣ» конференсияи илмӣ-амалии ҳайати профессорону омӯзгорон ва муҳаққиқони ҷавон баргузор гардид. Дар  ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳи мазкур хабар медиҳад.

Дар кори конференсияи апрелӣ як зумра олимону коршиносон ва намояндагони марказҳои илмиву таълимӣ иштирок карданд.

Дар конференсия иброз гардид, ки дар шароити кунунӣ рушди технологияҳои рақамӣ шарти асосии рақобатнокии иқтисодӣ ба шумор меравад. Татбиқи барномаҳои қабулнамудаи мо барои гузаштан ба ин раванд қонеъкунанда нест ва зарур аст, ки барои тақвияти соҳаи рақамикунонӣ тадбирҳои ба ташаккули шароит мусоидаткунанда андешида шаванд.

Дар конференсия иштирокдорон дар мавзуъҳои «Саҳми Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои глобалии замони муосир вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим», «Саҳми академик Бобоҷон Ғафуров дар рушди илми ватанӣ», «Садриддин Айнӣ – поягузори Академияи илмҳои Тоҷикистон», «Саҳми академик  Муҳаммад Осимӣ дар рушди илми тоҷик», «Омилҳои институтсионалии рушди сармояи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ва «Рақамикунонии равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳои танзими ҳуқуқӣ» маъруза намуданд.

Дар қисмати дуюми Конференсияи илмию амалии «Рушди илм ва инноватсия дар шароити рақамикунонӣ» ба як зумра кормандону устодони донишгоҳ, ки ба дастовардҳои илмию таълимӣ комёб гардидаанд, унвони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаву сипосномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати донишгоҳ тақдим карда шуд.

АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Апрель 22, 2023 13:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд