Сарвари давлат: «Ба кишти картошка, лӯбиёгиҳо, сабзавот ва масъалаи захираи маҳсулот барои фасли тирамоҳу зимистон эътибори ҷиддӣ дода шавад»

Апрель 27, 2023 15:30

ДУШАНБЕ, 27.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ба кишти картошка, лӯбиёгиҳо ва сабзавот, аз ҷумла пиёз, ки дар бозори дохилӣ ва минтақа талабот ба онҳо зиёд мебошад, инчунин, ба масъалаи захираи маҳсулот барои фасли тирамоҳу зимистон эътибори ҷиддӣ дода шавад.

Президенти мамлакат изҳори нигаронӣ намуданд, ки соли гузашта пиёз дар яке аз ноҳияҳои асосии истеҳсолкунандаи он – ноҳияи Ҷайҳун 1038 гектар кам кишт карда шуд, ки боиси камчинии маҳсулот ва болоравии нархи он дар бозорҳои вилоят ва мамлакат шуд. Яъне аз ҳисоби танҳо дар як ноҳия пурра таъмин нашудани кишти пиёз истеҳсоли он зиёда аз 50 ҳазор тонна кам гардид. Дар баробари ин, то 17-уми апрели соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят нисбат ба дурнамо дар майдони 1900 гектар кишти картошка кам шудааст».

Сарвари давлат ба роҳбарону мутахассисони вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла вилояти Хатлонро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, бо тухмии хушсифат ва нуриҳои маъданӣ таъмин намудани хоҷагиҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд.

«Тибқи маълумот дар вилояти Хатлон то 17-уми апрели соли ҷорӣ дар майдони 193 ҳазор гектар кишти баҳорӣ гузаронида шудааст, ки аз он 18 ҳазор гектарро зироатҳои ғалладонагӣ, 131 ҳазор гектар зироатҳои техникӣ, 6 ҳазор гектар картошка ва 19,2 ҳазор гектарро сабзавот ташкил дода, дурнамои кишти баҳорӣ 92 фоиз таъмин гардидааст. Ба ҳолати 17-уми апрели соли ҷорӣ ин нишондиҳанда дар шаҳру ноҳияҳои зиёди вилоят, ғайр аз ноҳияҳои Вахш, Панҷ, Темурмалик, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ёвон, Шаҳритус ва Кӯшониён иҷро нагардидааст»,- тазаккур доданд Роҳбари давлат.

Дар ин замина, Президенти мамлакат ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он дастуру супориш доданд, ки доир ба бартараф кардани ин камбудиҳо ва зиёд намудани майдони кишти такрорӣ аз ҳисоби шолӣ, маккадон, лӯбиёгиҳо ва картошка чораҷӯӣ намоянд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Апрель 27, 2023 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон