Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид ҳукуматдорони афғонро барои манъи кори занон дар ин ниҳод маҳкум кард

Апрель 29, 2023 11:40

ДУШАНБЕ, 29.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид рӯзи панҷшанбе раҳбарияти кунунии  Афғонистонро барои манъи кори занони афғон дар СММ маҳкум намуда,  аз онҳо даъват ба амал овард, ки фавран аз тасмими  худ «баргаштан ба қафо» даст кашанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» хабар медиҳад.

15 давлати аъзои Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид якдилона қатъномаеро ба  тасвиб расондаанд, ки дар он  «иштироки комил, баробар, муҳим ва бехатари занону духтарони афғон дар ҷомеа»  тақозо шудааст.

Дар санад аз мамнӯъияти  кори занон дар  СММ   «нигаронии амиқ»  баён шуда, таъкид гардидааст, ки ин амал ба фаъолияти  кӯмакрасонии Созмони Миллали Муттаҳид дар ин кишвар «таъсири манфӣ ва ҷиддӣ»  мерасонад .

Шӯрои амният ҳамчунин таъкид кард, ки то лағви ин манъ, Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон (UNAMA) наметавонад ваколатҳои башардӯстонаи худро иҷро намояд.

Дар Афғонистон занону духтаронро аз бисёр ҳуқуқҳо маҳрум кардаанд. Ба онҳо таҳсил дар мактабҳои миёна ва олӣ манъ шуда, пешравӣ ва бо кор таъмин гардиданашон  низ маҳдуд гардидааст. Дар моҳи декабр ҳамчунин  занон аз ҳуқуқи кор дар  созмонҳои ғайриҳукуматӣ маҳрум шуданд.

АКС аз манъбаъҳои боз

Апрель 29, 2023 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад
«МО ЯК УҚЁНУСЕМ». Фаронса мизбони сеюмин Конфронси СММ оид ба Уқёнус хоҳад буд
Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид