ШАРАФ БА ҶАВОНМАРДОН! Наваскарони ноҳияи Шаҳринав бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ гардиданд
ШАҲРИНАВ, 04.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳринав ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои таваллуди 1996-2005 ба хизмати ҳарбӣ» Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид. Дар ин рӯзи хотирмон зиёда аз 50 ҷавон ба таври ихтиёрӣ бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ равона гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.
Дар маросими тантанавии гусели наваскарон роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту корхонаҳо ва собиқадорони меҳнат иштирок намуда, иброз доштанд, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди давлат ва сипари иқтидорманди миллат мебошад. Имрӯзҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз лиҳози таъминоти моддию техникӣ ва ҳам аз ҷиҳати қудрату тавоноӣ, маҳорати ҳарбӣ ва интизоми ҳайати шахсӣ аз солҳои пешин афзалияти бештар дорад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби олии обу тоби зиндагӣ ва касби камолоти ҷавонон мебошад.
Дар ҳамоиши мазкур ба зиёда аз 30 наваскаре, ки курси ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии «Мададгори мудофиа» – ро хатм намуда, барои ба сафи Артиши миллӣ шомил шудан ихтиёран ариза навишта буданд, шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.


Сокини ноҳияи Шаҳринав Музаффар Дадабоев гуфт, ки «Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мактаби ҳақиқии ҷавонмардӣ ҷавононро аз лиҳози сиёсиву ҳарбӣ ва ҷисмонӣ тарбия намуда, ба сифати муҳофизи Ватан омода менамояд. Афсарону сарбозони Артиши миллии мо сипари боэътимод ва такягоҳи давлату миллат буда, маҳз бо шарофати ҷасорати касбӣ, садоқату ҷоннисорӣ ва хизматҳои шабонарӯзии онҳо дар ҷомеаи мо сулҳу субот пойдор аст ва мардум осоишта меҳнат ва зиндагонӣ мекунанд».
Наваскарон омодагии худро ҷиҳати содиқона адо намудани хизмати ҳарбӣ изҳор дошта, таъкид намуданд, ки дар оянда барои пешрафту шукуфоии Ватанамон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ софдилона меҳнат хоҳанд кард.
Чун анъанаи гузаштагон дар доираи ин маърака маросими «Кулчагазон» ва барномаи консертии санъаткорони ноҳия баргузор шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав










Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






