Шуъбаи технологияҳои иттилоотӣ дар заминаи аутсорсинг: чӣ тавр метавон маблағро аз ҳисоби мудирони системавӣ сарфа кард?

Апрель 4, 2023 14:33

ДУШАНБЕ, 04.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳар тиҷорат ба компютерҳо ва техникаи идоравӣ ниёз дорад. Вале, на ҳама ширкатҳо омодаанд, ки хароҷоти шуъбаи технологияҳои иттилоотӣ ва кормандони худро, ки компютерҳоро «дуруст» мекунанд ё ҳифзи маълумотро таъмин менамоянд, ба дӯш гиранд. Роҳи ҳалли он мутахассисони IT дар аутсорсинг мебошад. Чунин хизматрасониро ба мизоҷони корпоративӣ МегаФон Тоҷикистон пешниҳод мекунад.

Ба хизматрасонӣ чӣ дохил мешавад

Дастгирии пурраи IT. Муҳандисони ширкати «МегаФон» дар интихоби компютерҳо, серверҳо, принтерҳо ва дигар таҷҳизоте, ки ба талаботи мизоҷ мувофиқанд, кумак мекунанд. Таъминоти барномавиеро, ки кор бо он осонтар аст, интихоб ва насб менамоянд. Онҳо дар тарҳрезӣ ва гузаронидани шабакаи дохилӣ дар идора кумак хоҳанд кард. Кори таҷҳизотро назорат мекунанд, онро таъмир карда, ташхис ва навсозӣ мегузаронанд. Интернети устувори босуръат, муҳофизат аз вирусҳоро таъмин менамоянд. Агар ягон таҷҳизот мувофиқи талаб кор накунад, ба воситаи телефон маслиҳат медиҳанд ё ба он ҷо мераванд. Ба ибораи дигар, мутахассисон дар аутсорсинг ҳамчун мутахассисони бастии IT амал мекунанд, аммо ба расмият даровардани онҳо ва пардохти маоши хеле калон лозим намеояд.

Арзиши он чанд аст

Соҳибкор бо интихоби дастгирии IT аз МегаФон Тоҷикистон чиро сарфа мекунад? Тавре аллакай гуфта шуд, музди меҳнат сарфа мегардад, зеро шуъбаи IT-и худ лозим намешавад. Мувофиқан, сарфа дар ташкили ҷойҳои корӣ дида мешавад, чунки мутахассисони аутсорсинг ба утоқҳои корӣ, мизҳо, ноутбукҳо ва лавозимоти конселярӣ ниёз надоранд. Дар пардохтҳои гуногун, ки тибқи қонун бояд барои ҳар корманди бастӣ анҷом дода шавад, сарфакорӣ мушоҳида мегардад, Инчунин барои таълим ва такмили ихтисоси кормандони худ хароҷотро сарфа кардан мумкин аст.

Чӣ қадар маблағ пардохт кардан лозим аст? Хеле кам: 25 сомонӣ дар як моҳ барои ҳар як нуқтаи ташкилшуда, яъне компютер ё техникаи идоравӣ, ки ба шабакаи дохилӣ пайваст карда шудааст. Ҳамин тавр, агар дар офис се компютер ва як принтер мавҷуд бошад, пас ин чор нуқта ҳисобида мешавад. Нархи дастгирии техникӣ дар ин ҳолат 100 сомонӣ дар як моҳ хоҳад буд. Шояд ягон намуди таҷҳизот, масалан, кабелҳои иловагиро алоҳида харидан лозим шавад. Вале инҳо хароҷоти якдафъаина мебошанд ва он қадар калон нестанд. Барои муқоиса: маоши миёнаи як мудири система дар Тоҷикистон ҳудуди 8000 сомониро ташкил медиҳад. Бо ҳамин маблағ мутахассисони МегаФон барои 320 компютер дастгирии тахассусӣ ташкил мекунанд!

 Аз куҷо маълумоти бештар пайдо карда мешавад

Маълумоти муфассалро дар бораи хизматрасонии «Ташкили шабакаҳои дохилии ШСК (шабакаҳои сохтории кабелӣ)» ва шартҳои пайвасткунии он тавассути телефонҳои +992 902-00-08-77, 4747 ё бо гузоштани дархост дар сомонаи оператори имконияти нави рақамӣ пайдо кардан мумкин аст.

АКС: МегаФон Тоҷикистон

Апрель 4, 2023 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Мастчоҳ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон доир шуд
Мутахассисони алоқа «таҳаввулоти рақамӣ» пешбинӣ менамоянд
Олимони тоҷик аз қитъаҳои заминҳои таҷрибавӣ дар Яғноб ҳосили хуб гирифтанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Бӯстон бахшида ба соли нави таҳсил ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ сохтмони муассисаи томактабии «Ёсуман» ба анҷом расид
Бахшида ба Рӯзи дониш дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
МАЪРИФАТ — ПОЙДОР, ИЛМУ АДАБ — УСТУВОР. Дар ноҳияи Ёвон Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ таҷлил гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
«Ҷойгоҳи зан дар даврони Истиқлол»-таҳти чунин унвон дар Левакант конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Ҳунарҳои мардумӣ бо усули «хона ба хона» ва «маҳалла ба маҳалла» тарғиб карда шуданд