Шумораи фавт аз COVID-19 95 фоиз коҳиш ёфтааст

Апрель 27, 2023 13:41

ДУШАНБЕ, 27.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Тедрос Гебрейесус 26 апрел иттилоъ дод, ки аз оғози соли равон шумораи фавт аз коронавирус ба ҳадди 95 фоиз коҳиш ёфтааст. Бо вуҷуди ин ӯ огоҳ намуд, ки вирус ҳанӯз ҳам хатар дошта, боиси марги инсонҳо мегардад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин хусус АБИ «Казинформ» бо истинод ба «Новости ООН» иттилоъ додааст.

«Мо аз коҳиш ёфтани сатҳи бақайдгирии фавт аз COVID-19 хеле хушҳол шудем. Аммо, тавре ки намунаи нави XBB.1.16 нишон медиҳад, вирус то ҳанӯз ҳам тағйир меёбад ва ҳоло ҳам имкони ба вуҷуд овардани мавҷҳои нави беморӣ ва фавтро дорад», — таъкид намуд Тедрос Адханом Гебрейесус.

Ӯ изҳори умедворӣ намуд, ки соли равон СУТ қатъи ҳолати фавқулодаро дар соҳаи тандурустии ҷомеа, ки бинобар COVID-19 мазмуни байналмилалӣ гирифтааст, эълон медорад.

«Вале ин вирус ба ҳеҷ куҷо нахоҳад рафт ва ҳамаи давлатҳоро мебояд дар қатори дигар бемориҳои сироятӣ бо он мубориза бурданро омӯзанд», — гуфт директори генералии СУТ.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АБИ «Казинформ»

Апрель 27, 2023 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад
«МО ЯК УҚЁНУСЕМ». Фаронса мизбони сеюмин Конфронси СММ оид ба Уқёнус хоҳад буд
Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид